Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Меҳмонист таманнои ту дар хотири мо,
Ки ба сад солаш аз ин хона бадар натвон кард.


Ҳар ки дар роҳи ту аввал қадам аз хеш бурид,
Ҳам ба аввал қадам он ҷо, ки ҳамехост расид…
То дили реши пур аз дардталаб ёфт Камол,
Ёфт ҳар гуна давое, ки аз ў металабид.

Дарки асли ин мисраъҳо чӣ мураккабӣ дорад? Бидуни ягон шубҳа «меҳмонист» бояд «меҳмонест» бошад, «аввал қадам»-и мисраи аввали пораи дуюм – «аввалқадам», зеро қадам аз хеш буридан маъние надорад, аз хеш мебуранд.
«Дили реши пур аз дардталаб» низ тиҳӣ аз маъност, аслаш «То дили реши пур аз дарди талаб ёфт Камол» аст.

Он лаби лаъл, к-аз ў монд даҳони ҳама боз,
Боз пурсид, ки дўшина ба дандони кӣ буд.

Чӣ бемантиқӣ: «Он лаби лаъл боз пурсид»! Аз кӣ пурсид? Чиро пурсид, ки «дўшина ба дандони кӣ буд»? Агар ҳангоми ҳарфгардон бо тарзҳои гуногун хондани матни классикиро сарфи назар накунем, мантиқан бармеомад, ки «Боз пурсид» не, «Бозпурсед» аст!
Қаноат ба як тарзи хониши калимоту иборот боиси фаровонии ғалатҳои мантиқу маънӣ ва вазну қофия шудааст. Чун дар ин байт:

Гар ду рух пўшӣ вагарна ҳар ду зебо оядат,
З-он ки ҳам пинҳон чу ҷон хубеву ҳам пайдо латиф.

Шакли ҷумла тақозо дорад, ки ҷузъи дуюми мисраи
аввал низ бо пайвандаки шартии «гар» биоғозад. Азбаски
мубтадои ҳамаи ҷумлаҳо шахси дуюми танҳо, яъне

пешина
аз 323
навбатӣ