Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Май ба зери кашу саҷҷодаи зуҳдам бар дўш,
Оҳ, агар халқ шаванд огаҳ аз ин тазвирам.

Боиси таассуф аст, ки дар девон мисраву байтҳои аёну равон ғалат нусхабардорӣ шудаанд:

Аз пойбўси сарви лабам пўст боз кард
Ҳар гаҳ, ки пойбўси туам орзу гирифт.

Агар мураттибон аз худ мепурсиданд, ки «сарви лаб»- ро кӣ дида, шояд асли матн аён мешуд. «Лабам пўст боз кард» - мегўяд шоир. «Чаро?» – пурсидан кофист, ки ба суоламон ҷавоб бигирем. Агар бо ин ҳам мафҳум нашавад, наход дар мисраи дуюм ибораи «пойбўси ту» аз чизе дарак надиҳад? Ҳол он ки ибораи мазкур равшан мекунад, ки дар мисраи аввал иборае ҳамшаклу ҳамвазни он ҳаст. Шояд ҳоҷати ин қадар чуну чаро ҳам набошад, саҳлтар байтро аз алифбои асл хондан аст:

Аз пойбўси сарв лабам пўст боз кард,
Ҳар гаҳ ки пойбўси туам орзу гирифт.

Рўнависи ғалатро қариб аз ҳар варақи девон метавон пайдо кард. Яъне, дар бисёр мавридҳо мураттибон матнро зоҳиран ҳарфгардон намуда, ба моҳияту мазмун диққате надодаанд.

Магар муҳаррари ашкам, ки сохт сурхиҳо,
Ба лавҳи чеҳра хаёли китобате дорад.

«Муҳаррар» –китобатшуда, рақамшуда, навишташуда аст. Пас он чи гуна метавонад, ки «хаёли китобат» дошта бошад? Шоир, бешак, «муҳаррир» гуфта.
Ё худ:

пешина
аз 323
навбатӣ