МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Байти дигар:
Шаби моҳ рухат бо хоб дидем,
Чун рўз шуд офтоб дидем.
Ин байтро дар ин шакл ҳам метавонистем таҳаммул бикунем ва ташбеҳу таносубашро дарк намудаву ба маъниаш бирасем, агар вазн сир бой намедод. Вазнро дуруст бикунем, мақсади шоир натанҳо рўшантар, балки амиқтару зеботар ҳам мешавад:
Шаб моҳи рухат ба хоб дидем,
Чун рўз шуд, офтоб дидем.
Ҳиссаи дигари хатоҳо, чунон ки зикр шуд, аз сарфи назар гаштани мантиқу таносуби сухан ба китоб роҳ ёфта.
Яъне, мураттиб маънии байтро тааммул нанамудаву нафаҳмида, зоҳири онро рўбардор кардааст.
Бигирем ин байтро:
Чун дида ҳарза кард, шуд ин тифли ашки ман,
Рўяш сафед бод, ки хўи падар гирифт.
Мураттиб байтро ба чаҳор ҷумла ҷудо кардааст. Ҷумла, ки шуд, табиатан бояд мазмунеро ифода бикунад. «Чун дида ҳарза кард». Чӣ маънӣ дорад ин «ҷумла»? Зоҳиран мубтадову хабараш ҳам барҷост, лекин маъние надорад.
Онро ба ҳоли худаш мемонему «ҷумлаи» дуюмро мебинем:
«Шуд ин тифли ашки ман». Боз ҳам маъние ҳосил кардан амри муҳол аст. Илоҷи ягона ва воситаи самарабахши ташхиси матн – ба хати асл баргардондан боқӣ мемонад.
Табиист, ки дар матни асл ҳарфҳо ҳамоне хоҳанд буд, ки дар матни фавқанд. «…хўи падар гирифт» - мегўяд шоир.
«Кӣ?» – беихтиёр суол мекунем мо. «Тифли ашки ман» – посух медиҳад ў. Падари тифли ашк кист ва чӣ хў дошта-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё