МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
аст, ки тифлаш ҳам онро гирифта? Дарёфтан душворие надорад, ки «падари тифли ашк» «дида» аст, ки дар мисраи аввал зикр шудааст. Ҳама маводи байт мавриди назар шуд, ҷуз таркиби «ҳарза кард», ки дар айни ҳол маъние надорад. Бо назардошти дар матни классикӣ фаровон табдил шудани «коф» ба «гоф» ва баракс онро «ҳарзагард»
мехонем ва ба асли маънии ин байти зебо мерасем:
Чун дида ҳарзагард шуд ин тифли ашки ман,
Рўяш сафед бод, ки хўи падар гирифт!
Дар саҳифаи 184 байти зерин омада:
…Ки дорад тоби ин ҳусн ба ришта,
Ки месўзад пару боли фаришта.
Боз ҳам мантиқи қавӣ ва таносубу пайванди ногусастании сухан мадад мекунад, ки асли байтро барқарор намоем:
Кӣ дорад тоби ин ҳусни биришта,
Ки месўзад пару боли фаришта?!
«Биришта» ба маънои «баобутоб, гулгун» мустаъмал будааст ва дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» зимни он байти зеринро овардаанд:
Ҳоҷат набувад чеҳра зи май лолагун кунӣ,
Ҳусни биришта оташи сўзон чӣ мекунад?
(Мутаассифона, дар он китоби воқеан ҳам бисёр муътабар ва хидматнишондода низ «набуд» саҳван ба шакли «набувад» сабт шуда, вазни байтро халалдор кардааст.) Байти дигарро аз назар мегузаронем:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё