Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Дар вазни ин мисраи либреттои операи «Коваи оҳангар» (2; 408) сакта равшан аст ва барои бартараф шуданаш ба нахусткалимаи он бандаки изофӣ афзудан мебояд:

Беҳтарин досҳоро деҳ ба ин кас, беҳтарин!

Мақтаи ғазали машҳуре ин сон омада:

Ман коргару ту деҳқон, дод аз туву оҳ аз ман,
То чанд баранд ашроф кафш аз ту, кулоҳ аз ман?

Аз кадом нашре шакли дурусти мисраи аввал ба ёд меояд: «Ман фаълаву ту деҳқон, дод аз туву оҳ аз ман…»
Ва агар дар қаринае «коргар» зикр шуда бошад, саҳв аст, зеро вазни мисраъро вайрон мекунад.
Дар байти зерин ҷузъҳои калимаи мураккаби «аввалқадам» саҳван ҷудо карда шудааст, ки дарки маъниро душвор месозад:

Ҷон пешкашаш кардаму гуфт: «Ин зи ту набвад,
К-аввал қадам онро ба нигоҳе бихаридам».

Бамаврид аст, ки як масъалаи дигарро зикр бикунем.
Чунон ки маълум аст, дар осори устод Лоҳутӣ ҳам, ба тақозаи замон, бисёр номи шаҳру мамолик ва калимаву истилоҳҳои нав ворид шуд, ки аксаран ба тоҷикӣ талаффузи хос доранд. Дар бисёр шеърҳо чунин воҳидҳои забон бо мақсадҳои гуногун, аз ҷумла ба тақозои вазну қофия, ба кор рафтаанд:

Нафақат буд ба гил уштур дар он,
Балки мемонд трактур дар он.

пешина
аз 323
навбатӣ