Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

рурӣ нест, хонанда метавонад кулли шеърро моли Абдурраҳмони Ҷомӣ бишносад:

Ман будам аз ҷаҳону гиромӣ бародаре,
Дар силки назм ҷамъи гаронмоя гавҳаре…
Ин нукта гўш дор, ки дурри гаронбаҳост,
Назми бадеи ўст, вале ҳасби ҳоли мост:
Рафтию дарду доғи туам ёдгор монд…
(1, 75)

Бояд баъди аломати баён давоми шеър, ки моли бародари шоир аст, бо нохунак ҷудо бишавад.
Чунин иқтибоси байту мисраъҳои шоирони муосиру пешин дар осори Мавлоно Ҷомӣ боз ҳам дучор меояд. Масалан, дар ин ду байт:

Гар шеъри хушат бояд, хуш кун дили Ҷомиро,
Хотир, ки ҳазин бошад, кай шеъри хуш ангезад.
(1, 351)
Ва:

Дар ин замона рафиқе, ки холӣ аз халал аст…
(1,216)

Ногуфта аён аст, ки мисраи дуюми байти аввал шакли акси оғози ғазали Хоҷа Ҳофиз аст бо ин матлаъ:

Кай шеъри тар ангезад хотир, ки ҳазин бошад,
Як нукта дар ин маънӣ гуфтему ҳамин бошад.

Чунон ки дидем, дар тазмини Мавлоно Ҷомӣ танҳо як калима тағйир пазируфта, вале дар нашри қаблии осори ў (1964) он ҳам чунонест, ки дар девони Хоҷа. Мисраи дуюм матлаи ғазали машҳур аст ва ҳоҷат ба шарҳу исботаш нест.

пешина
аз 323
навбатӣ