Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Дар сатри зайл халал ёфтани таркиби ибора маъниро вайрон ва дарки асли онро мушкил мекунад:

Тораки дарвеш торик фориғ аз тоҷи зар аст.
(1, 206)

Калимаҳои «дарвеш торик»-ро дар назар дорем, ки дар асл як ибора – «дарвеши торик» буда, дарвеши тарки дунёкардаро мефаҳмонанд.
Ҳамчунин, бо сабабҳои гуногун (ё бе ҳеҷ сабаб?) байту мисраъҳои фаровоне ғалат чоп шудаанд. Ин ғалатҳоро метавон чунин гурўҳбандӣ кард:

  1. Риоя нашудани мавқеи аломатҳои китобат.

Миёни лову илло як алиф фарқ аст вар набвад Дар илло он алиф, боло шуморад ақл яксонаш.
(1,27)

Албатта, аввалан манзур вергули баъди калимаи «боло»-ст, ки нобарҷо омада, маъниро халалдор кардааст.
Сониян, вожаҳои ҷудокардашударо дар нохунак овардан фазои дарки байтро рўшантар менамуд.
Ё худ, дар ин байт, ки вергулҳо, ҷуз дар мавриди дуюм, нобарҷоянд ва дарки маъниро барои шеърхони новарзида душвор мекунанд:

Бе лаъли ту нишоне бошад зи ашки Ҷомӣ,
Хун, к-аз дили суроҳӣ, дар чашми соғар ояд.
(1, 388)

Дар ин пораи ҷонсўз шоир аз бародари ҳунармандаш
ёд меорад, ки низ шоир будаву «дар силки назм ҷамъи гаронмоя гавҳаре» ба ҳам оварда ва таъкид мекунад, ки мисраъҳои баъдина «назми бадеи ўст». Вале, чун аломати за-

пешина
аз 323
навбатӣ