Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

луғот боздошта бошад, вале бояд дар назар дошт, ки на ҳама он китоби пурбаҳоро зери даст доранд ва, баъдан, поварақи саҳифаро нигоҳ кардан аз фарҳанг варақ задан қулайтар аст.
Чун сухан аз шарҳу эзоҳ рафт, нуктаи дигаре низ чун пешниҳод манзур мешавад. Мақсад эзоҳи кўтоҳу муъҷази санъати шеър аст, ки дар тарбияи шеърфаҳмии хонанда беманфиат нахоҳад буд. Бигирем дар мисоли ин байт:

Дилам хуш буд бо бемории хеш, Аз он себи зақан майли биҳӣ кард.
(1, 363) Мавриди назар суханбозии шоирона аст, ки бар калимаҳои «себ» ва «биҳӣ» асос дорад. Ва, хуб мешуд, ки ҳамин чиз тавассути эзоҳи поварақ ё ягон воситаи дигар ба хонанда (сухан аз хонандаи хоси шеър нест) бирасад.
4. Ғалатҳои калимаву ибора ва ҷумлаҳои арабӣ.
Чунон ки зикр кардем, дар осори Абдурраҳмони Ҷомӣ луғати арабӣ фаровон аст. Мавлоно натанҳо калимаву ибораҳои алоҳидаро кор фармуда, балки мисраву байтҳои соф арабӣ гуфтааст. Мутаассифона, бисёре аз ин ҳисоб ғалат рўбардор шуда, ки аксаран вазни шеърро ҳам халалдор кардаанд. Мисоле далели ин нукта аст:

Мурд Ҷомӣ, ба сари турбати ў бинвисед:
Ҳозиҳи равзатуҳу ман ҳалла биҳи-л-ишқу фа мот.
(1, 177)

  1. Номувофиқатии зоҳиру маънии калимаҳо.
    Маълум аст, ки калима сурати маъниест ва агар як овозаш нобарҷо тағйир бипазирад, ифодакунандаи маънии дигар мешавад. Бинобар ин, калимаҳои матни классикӣ бояд аз рўйи маъние, ки дар айни ҳол борашро бар дўш доранд, ба хати имрўз баргардонида бишаванд. Масалан:
пешина
аз 323
навбатӣ