МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Ба мастӣ зи ҳастӣ раҳоем деҳ,
Ба мастони ишқ ошноем деҳ.
(1, 84)
Манзур вожагони «раҳоем» ва «ошноем» аст. Аслашон «раҳо»-ву «ошно», тавассути пасованди исмсози «-ӣ» маънии нав гирифтаанд ва дар байти фавқ ба ҳамин шакл ва иловаи шакли мухтасари бандакҷонишини соҳибии шахси якуми танҳо («- ам» ё «-м») омадаанд, яъне, «раҳоӣ-м» ва «ошноӣ-м» ё «раҳоим»
ва «ошноим». Пас бояд ҳамин хел навишта бишаванд, на бо ифодаи номуайянӣ (артикли «-е»), ки ба маънӣ созгор нест.
Ё дар байти зерин:
Зи олам на аз баҳри сахтеш бурд,
Ба фирўзию некбахтеш бурд.
(5, 383) Мақсад «сахтӣ-ш» ва «некбахтӣ-ш» аст ва ифодаи манзуршуда ҳеҷ қобили қабул буда наметавонад.
Дар ин мисраъ ҳам айни ҳолати фавқ аст: «Тарсам, ки аз ин пас ба худоет парастанд». Калимаи зикршуда бояд «худоӣ-т» («худоит») навишта бишавад. (Дар қисме аз водии Зарафшон ин қолаб мавриди истифода аст, лекин ифодаи соф хоси як маҳалро, ки мантиқи ифодаро халалдор мекунад, ба забони адабӣ, бахусус осори классикӣ, татбиқ намудан дуруст набудагист.) Ончунон ки дар оғози сухан омад, Абдурраҳмони Ҷомӣ аз намоёнтарин симоҳои адабиёти тоҷик аст ва даъвоҳои бебунёде, ки оид ба мансубияти миллии ў гоҳ-гоҳ баланд мешаванд, ҷуз тақвияти ин гуфта нест. Ва, ҷойи афсўс ҳам ҳаст, ки адибе бо чунин қудрат, чандон ки мебояд, миёни миллати хеш маҳбубият пайдо накарда. Ҳоло, ки имкон фароҳам омад, бояд боз чанд насли мардуми мо китобҳои пурбаҳои ўро таҳи даст дошта бошад ва дуртар аз пораи «Фурўғи субҳи доноӣ…» ба дунёи сухани ў назар биандозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё