Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Яке аз анъанаҳои қадимтарини номгузории тоҷикӣ инъикоси касбу кори мардуми маҳалҳо буд, ки бо номҳои зиёди зебову гўё зинда мондааст. Заргарон (Заргар), Оҳангарон, Чўянгарон, Қаннодон, Кулолон (Кулолӣ), Мисгарон ва ғайра аз он ҷумлаанд. Дар асри гузашта ба ин қатор чанд номи дигар, аз қабили Пахтакор, Заркор, Нафтчӣ (мутаассифона, ба тақозои замон аксаран русӣ садо медод) афзуд, ки нишонаи замони нав ва гувоҳи шуғлҳои тозаи мардум буд.
Дар номгузории гузаштагонамон сохти маҳал ва табиати он ҳатман ба назар гирифта мешуд. Инро дар мисоли калимаи ғар ё ғор (кўҳ; «гора»-и русӣ аз ин ҷо будааст), ки баёнгари сохти ҷуғрофии диёри кўҳсорамон аст, рўшан дида метавонем. Сомғор, Данғара, Фалғар, Беғар, Кошғар… мисолҳои ин тарзи номгузорианд ва, аҷаб нест, ки Қаротегин низ на калимаи мураккаби туркӣ, балки боз як гувоҳи корбасти ин калимаи қадимии тоҷикӣ бошад.
Ба тақозои замон ва ҳодисаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ аз замонҳои қадим деҳу деҳкадаеро асос гузоштан ва ё кўю кўчаи шаҳри ободеро макони хеш қарор додани гурўҳгурўҳ мардуми як маҳалли диёрамон одат будааст. Номи гузарҳои баъзе шаҳрҳои қадимаи тоҷикон (Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Кўлоб, Исфара, Истаравшан ва ғайра) далели инанд. Дар ҷавонтарин бузургшаҳрамон Душанбе низ маҳалҳое бо номи «Гузари самарқандиҳо», «Гузари ўротеппагиҳо», «Гузари ургутиҳо» маълум буданд, ки идомаи он анъанаи номгузориро нишон медиҳанд. Пас он зинда ва қобили қабул аст ва чаро номҳои Самарқанд, Бухоро, Ургут, Истаравшан, Дарвоз, Кўлоб, Исфара, Даштиҷам, Конибодом, Рашт, Балҷувон, Шаҳрисабз, Ховалинг… дар қатори Бадахшон, Зарафшон ва ғайра лавҳаи кўчаву маҳаллаҳои пойтахтамонро зеб надиҳанд?
Воқеан, понздаҳ соли охир дар ин самт корҳои назаррасе ба сомон расид. Номи бисёр шаҳру деҳ, кўчаю гузар, корхонаву муассисаҳо тағйир ёфт. Вале оё ҳамаи онҳо муваффақона буд?

пешина
аз 323
навбатӣ