Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Дар замони шўравӣ бисёр маҳалҳо номи роҳбарони ҳизбу давлат ва шахсиятҳои маъруфро гирифтанд.
Тоҷикистон пур аз «обод-обод» шуд – Ленинобод, Сталинобод, Кировобод, Орҷоникидзеобод, Молотовобод, Микоянобод, Кагановичобод… – ҳарчанд то ободии асливу маънавии аксари кулли ин маҳалҳо хеле дур буд. Имрўз ин анъана, яъне ба номи ашхоси шинохта мондани шаҳру ноҳия ва деҳу кўча идома дорад. Шаҳрҳои Турсунзодаву Ғафуров, ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Исмоили Сомонӣ, кўчаҳои Муҳаммадиеву Раҳмон Набиев… ҳамрадифи ноҳияи Айнию кўчаи Лоҳутӣ шуданд.
Хеле хуб, ки талаби моддаи 30-юми Қонуни забон1 – барқарор кардани номҳои таърихӣ ва тоҷикӣ мондани номи маҳалҳо риоя шудааст. Вале дар ҳамон модда талаби дигар ҳам ҳаст, ки ҳангоми номгузорӣ бояд қоидаҳои тоҷикии номмонӣ ба назар гирифта бишаванд. Чунон ки ишора шуд, бо афзудани калимаи «обод» ба исми ашхос сохтани номи маҳал анъанаи деринаи тоҷикӣ ва амали хушоянд аст. Бо ин меъёр Мирзообод, Ғафуровобод (беҳтараш Бобоҷонобод), Айниобод, Расуловобод, Исмоилобод (Сомониобод) мондани номи шаҳру ноҳияҳои мазкур мувофиқи матлаб мебуд.
Ҷиҳати дигари масъала ба кадом маҳал мондани номи бузургон аст. Тавре гуфтем, Қонуни забон қотеона талаб мекунад, ки номҳои таърихӣ барқарор карда бишаванд. Оё мухолифи ин талаби қонун нест, ки маҳалҳои қадимаро номгардон карда, номҳои деринаи онҳоро ба фаромўшӣ месупорем? Хидмати Айниву Турсунзода ва Ғафуров ба сад шаҳру ноҳия меарзад, вале номҳои қадимаи тоҷикии Фалғару Регару Исфисор чӣ мешавад? Оё беҳтар набуд, ки номи он бузургонро ба шаҳру ноҳияҳои дигаре, ки табдили номашон бохти фарҳангиву таърихие бор намеорад,

1 Дар Қонуни нави забон (соли 2009) ин меъёрҳо дар моддаи 19 ифода шудаанд (шарҳи муаллиф).

пешина
аз 323
навбатӣ