МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
ДЎСТ МЕГЎЯД ТАБАРВОР…
Ҳунар парвардаи шахсият асту моли мардум. Ва агар гоҳе сари он баҳсҳову гуногунандешиҳо ҳам рух медиҳанд, бояд чун як ҳодисаи табиӣ қабул бишавад, зеро аллакай ба ҳамагон мутааллиқ асту баҳои ниҳоиаш ҷуз кори мурури замон нест.
Бударо баҳо медиҳанд. Ва агар охири солҳои ҳафтоду аввали ҳаштод нақди шеъри тоҷик як ҷузви хеле фаъолу муассири адабиёт шуда буд, заминаи устуворе аз шеъри шоирони ҷўяндаи ёбандаамон дошт. Мардум баробари ашъори тозаэҷоду тозабунёди онон осори мунаққидонеро ҳам перомуни он шеърҳо интизорӣ мекашиду бо ҳаловат ва бардошти донишу тафаккур мехонд. Навиштаҳои амиқи шеършиносоне соҳибзавқ чун шеърҳои мавриди баррасиашон хушу муфид истиқбол мешуданд ва баҳри полудагии шеъру тавсиаи шеърфаҳмии мардум хидмате ноаёну пурбор мекарданд.
Мутаассифона, солҳост, ки танқиди шеъри тоҷик хомўш аст ва чун садои раҳнамое нест, шеър дар саҳрои замон бахуд (ё бехуд?) қадам мебардораду кас намедонад ба киву ба куҷо расидааст. Селобе, ки солҳои охир дар намуди маҷмўаҳои бешумори ба ном ашъор ба сари мардум рехт, ҳаргиз далели шодобии дарёи шеъри тоҷик набудааст ва агар, баъди гузаштани он, сангҳои собите ҳам дар ин раҳгузор бимонанд, гумон аст осон ҳамтарозуи сангҳое буда битавонанд, ки ба сари завқи шеърхониву шеърдонии мо фурў рехтаанд.
Дар ин сукути садоҳои наздик баногоҳ овое аз дур ба гўш расид, ки давраи курсинишинии шеъру танқиди шеърро ба ёдҳо овард. Манзур мақолаи шоир ва донишманди шинохтаи эронӣ Алиризои Қазва аст, ки дар чанд шумораи «Адабиёт ва санъат» пешкаши алоқамандон шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё