МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Номбурда, пеш аз он ва беш аз он ки мунаққид бошад, шоир аст, шоири соҳибному соҳибмақоми абаркишваре, ки бар фарозаш рўҳи поки Ҳаким Фирдавсиву Шайх Аттор, Хоҷа Ҳофизу Шайх Саъдӣ ва ҳазорон бузургони дигари сухани оламгири форсӣ пар мезанад. Ва ҷойи ҳайрат нест, ки мақола бо эҳсосу эҳтироси табиии шоирона иншо шуда, гоҳе ҳам руҷўъҳои дилсўзонаи пураламе мулоҳизаву муҳокимаҳои гаронсанги олимонаро яксў кардааст.
Муаллиф аз лавҳаҳои воқеияти дирўзи мо, ки аз бархурди беш бароямон як дараҷа одатӣ ҳам шудаанд, сахт мутаассир аст ва барҷо ишора мекунад, ки оғози он ҳама бадрўзиҳои то имрўз ба сари мардуму забону шеъри мо боранда шикасти то абад хунчакони Оли Сомон буд. Ва кас беихтиёр ба ў ҳамовоз мешавад, ки «Эй кош шамшерҳои ғазнавиён дар зангори ниём мемонд ва Сомониён ҳамчунон бар ин хок ҳукмронӣ мекарданд. Он вақт иморати фарҳанги ин сомон бо ҳеҷ манҷаниқе хароб намешуд ва Юнону Чину Мочин ҳазор соли дигар бояд медавиданд, то ба гарди фарҳанги мо бирасанд!».
Дар мақола сафҳаҳое аз китоби адабиёти ин сарзамин варақгардон шуда, бад-ин васила кўшиши фаровон ба харҷ рафтааст, ки сабабҳои костагии нисбии шеъри муосири тоҷик зикр бигардад. Ва барҳақ тағйири алифбои форсии тоҷикӣ ва ба гардани нозуки шеър афтодани бори сангини ҳадафу вазифаҳои ғоявӣ тўли солҳои зиёд аз ҷумлаи ин сабабҳо қаламдод шудаанд. Ва агар дар маънидоди ин вазъи нохуш гоҳе муболиға ҳам рух дода («Дар ин фарҳанг Рўдакиву Робиа ва Камолу дигарон ба шарте метавонанд шоирони тоҷик бошанд, ки дар шеърашон калимаҳои «коргару досу чаккуш» вуҷуд дошта бошад! Ва шигифто, ки гоҳ ононро низ ба унвони мудофеони адабиёти сусиёлистӣ муаррифӣ мекунанд!»), аз алами беш назди таърих воқеъ шудааст. Асли ҳол он буд, ки агар адабиёти классик аз ҷониби ину они вобаставу бастаи вазоифи ҳизбӣ чунин ҳам маънидод мешуд, ҳаргиз нишонаи муно-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё