Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Пире дидам ба хонаи хамморе,
Гуфтам: «Накунӣ зи рафтагон ахборе?»
Гуфто: «Май хўр, ки ҳамчу мо бисёре
Рафтанду яке бознаёмад боре».

Дар «Рубоиёти Хайём» (Теҳрон, 1932) ду мисраи охири ин рубоӣ ба таври зайл омадааст:

Гуфто: «Май хўр, ки ҳамчу мо бисёре
Рафтанду хабар бознаёмад боре».

Ин ҷо, ба фикри мо, бунёди таносуб мустаҳкамтар аст:
шоир аз пир «ахбор» пурсидааст ва пир ҳам аз набудани «хабар» посух додааст.
Ё худ:

…Ман дидам, агар надид ҳар бехабаре,
Хоки падарон дар кафи ҳар кўзагаре…

Метавон гуфт, ки бунёди мисраи аввал бар калимаи «дидан» аст. «Ман дидам» - мегўяд шоир. Пас магар калимаи «бехабаре» дар рубоӣ нобарҷо нест? Охир, шоир «ман хабар дорам» нагуфтааст! Аз ин рў, мисраи мазкур дар нашри соли 1955 аз лиҳози таносуби лафзӣ дуруст омадааст:

Ман дидам, агар надид ҳар бебасаре…

Чунон ки зикр шуд, бисёр норасоиҳоро сабаб баргардонидани матн ба алифбои имрўзист. Чунин норасоиҳо дар нашри соли 1955 низ мавҷуд буданд («Пурмай нашавад косаи сар аз савдо…» ба ҷойи «Пур менашавад косаи сар аз савдо…») ва, мутаассифона, дар нашри нав ҳам роҳ ёфтаанд. Масалан:

пешина
аз 323
навбатӣ