МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Аз назари мо, тарзи дуюми ифода баландтар ва ба рўҳи рубоиёти Умари Хайём созгортар аст. Ба ёд биёред:
Як қатраи об буд, бо дарё шуд,
Як зарраи хок бо замин якто шуд…
Рубоии дигар:
Дар коргаҳи кўзагаре кардам рой,
Дар пояи чарх дидам истода ба пой.
Мекард далер кўзаро даставу сар
Аз каллаи подшоҳу аз пойи гадой.
Баробари хондани ин мисраъҳо фикри кас дар сатри дуюм дармемонад: қаҳрамони лирикии рубоӣ дар коргаҳи кўзагаре киро дар пояи чарх дидааст? Дар ҳақиқат, дар рубоӣ ба ин суол ҷавоб нест. Калимаи «кўзагар», ки дар мисраи аввал омадааст, бешубҳа, ба мисраи сонӣ бевосита дахл надорад.
Дар китоби «Рубоиёти Хайём» (Теҳрон, 1332, 1339, таҳияи донишманди маъруфи эронӣ Муҳаммадалии Фурўғӣ) рубоии мазкур ин тавр омадааст:
Дар коргаҳи кўзагаре кардам рой,
Дар пояи чарх дидам устод бапой,
Мекард далер кўзаро даставу сар
Аз каллаи подшоҳу аз дасти гадой.
Ин нусха аз ду ҷиҳат қобили қабул аст. Аввалан, ба суоли боло ҷавоб медиҳад. Сониян, дар байти дуюм таносуби сухан побарҷотар аст. Яъне, кўзагар кўзаро аз каллаи подшоҳу дасти гадой даставу сар мекард.
Боз чанд рубоиро аз ҷиҳати таносуби лафзу маънӣ аз назар мегузаронем:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё