МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Дар мавридҳои дигар низ муаллиф моил аст, ки эроди урёне пеш наорад, балки зимнан аз заминаи ину он ноҳамвории шеъри мо гуфта бошад. Ў дақиқ пай бурда, ки воқеан дар адабиёти мо «шеърҳои ватанӣ» – ашъоре, ки таъриху табиат, муҳаббату шаҳомат, хуллас ҷиҳатҳои мухталифи воқеияти Тоҷикистонро бозгў мекунанд, хеле зиёданд. Замоне чунин ашъор сарахбори девону маҷмўа, рўзномаву маҷалла, маҳфилу маъракаҳо ва аксаран тўдакаши шеърҳои берўҳи ину он китоб буданд. Мунаққиди маъруфи шеър Абдуннабӣ Сатторзода зимни як баҳси адабӣ, ба ногувории ин нукта ишора карда, сатрҳои як шоири русро оварда буд, ки мегўяд: агар ихтиёр медошт, бо амри ҳукумат дар васфи Ватан шеърҳои беҳунарона гуфтанро бозмедошт. Ба гумони мо, Алиризои Қазва ба ин масъала аз дидгоҳе дигар нигариста, «ба далели ҳассосияти минтақа кори воҷиби арзишманд» будани «шеърҳои ватанӣ»-ро қоил шудааст, ки хеле ҷолиб менамояд. Ва ҳушдораш низ, ки ҳамоно пайи ин фикри амиқ меорад, ба ҳамон дараҷа қобили қабул ва мулоҳиза аст: «…аммо вақте ҳама аз як дарича ба ин мавзўъ бингаранд, маълум аст, ки чӣ ҳад дучори якнавохтӣ ва такрори зиёновар хоҳад шуд».
Муаллифи мақола парвардаи муҳити билкул дигари рўҳонист ва дуруст меорад, ки яке аз костагиҳои шеъри тоҷик «дур афтодан аз фарҳанги динӣ ва вожагони қуръонист». Вале зикри он нукта ҳам барҷо мебуд, ки аз дарахти рўзгори тўлонии мозӣ мевае ҷуз ин талабидан ҳам номумкин аст. Имрўз батадриҷ ба ин ҷиҳат таваҷҷуҳ мешавад ва муҳим он аст, ки чун дар он замон назари шоир ба зоҳири фарҳанги динӣ ва вожагони қуръонӣ набошад, балки диди амиқтареро ба хотири бардошти ҳунарӣ ҳадаф бикунад, вагарна коре чун зикри берўҳи чанд истилоҳ саҳл аст ва боз ҳам роҳ сўйи «якнавохтиву такрори зиёновар» хоҳад дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё