МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
равшан нигоҳ доштааст». Аз ин рў, дар мавриде, ки муаллифи мақола мегўяд: «вай шоири баде нест ва бисёр авқот дар риояти услуби калому вазну қофия низ тавоност», метавон ба ў ҳамовоз шуд.
Алиризои Қазва шеъри муосири тоҷикро давра-давра мавриди баррасӣ қарор дода, барҳақ шоиронеро чун Муъмин Қаноат, Бозор Собир ва Лоиқ Шералӣ симои воқеии он муаррифӣ кардааст. Дар мавриде, ки Лоиқ Шералиро «ба хотири тавоноиҳои адабӣ, навовариҳо ва ҷасоратҳои ҳушмандонааш» чунин арҷ медиҳад, ҳақ аст, вале чун «барҷастагиву дурахшонии» Бозор Собирро фақат «ба хотири сурудаҳои сиёсӣ ва рўҳияи ноороми шеъриаш»
маънидод мекунад, гумон меравад, ки танҳо ин қабил ашъори шоир (маҳсули панҷ-даҳ соли охир) дастрасаш будааст, вагарна собит аст, ки заминаи маъруфият ва маҳбубияти Бозор Собир, қабл аз ҳама, ормонҳои бузурги миллӣ, забоне замониву заминӣ ва тафаккури хоси шоириаш аст, ки бар воқеияти соф тоҷикӣ асос ёфта ва, мутаассифона, гоҳе бе шарҳу баён ба одаткардагони меъёрҳои умумифорсии шеър нофаҳмост. Шеършиносони воқеии моро заҳмати зиёде дар пеш аст, ки вижагиҳои вожа, диду дарки батамом хоси моломоли эҳсос ва тафаккури ғайриодатии аз воқеияти миллӣ саршори ўро барои хонандаи кишварҳои ҳамзабон алоқадри ҳол бинамоянд.
Алҳол муҳим он аст, ки муҳаққиқи эронӣ нуқтаи ин гардиши сифатиро дақиқ пай бурда, зиёд кўшидааст, ки зимни баррасии ашъори шоирони наслҳои баъдӣ нишонаҳои куллии (ҳам мусбат ва ҳам манфӣ) шеъри муосири моро холисона баён бидорад. Инсоф он аст, ки аксари эродҳояш барҷоянд ва қабулашон танҳо ба манфиати кор хоҳад буд. Чи ҷойи тардид, ки гоҳе воқеан надонистаем «Ҳофиз»-ро бо кадом «з» менависанду муродифҳои «Хазар» бо ҳам қофия нестанд ва агар инро шадид гуфтааст, шиддаташ бештар бар онҳоест, ки моро бар ин ҳол расондаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё