МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
ДАР СУХАН ПИНҲОН
БА МИСЛИ БЎЙИ ГУЛ ДАР БАРГИ ГУЛ
(тафсираҳо дар ҳошияи тазкираҳо оид ба шоираҳо)
Бузургтарин шоирони мо – аз Рўдакиву Аттор то Лоиқу Бозор – мардон будаанд, ки бо ҳиммати мардона васфи бузургиҳои зан кардаанд.
Вале, чун ба адабиёти асили шифоҳӣ – рубоистону дубайтизори пурэҳсоси халқӣ рў меорем, аксаран акси ҳолро мебинем: бештари гуфтаҳои дилрасу ҷигарсўзи он бўстони ҳамешабаҳор, бешак, зодаи ҳолу хаёли модарону хоҳарону дилбарони замонҳои гуногуни мардуми моянд, ки содаву заминӣ, вале бисёр зебову самимӣ баён шудаанд ва пораҳои зиндагии онҳо – ишқ, ғарибӣ, фироқ, бевафоии дунё ва аҳёнан хеле кўтоҳу зудгузар лаҳзаҳои хуши ҳаёташонро бо ҳунари як шоири баркамоли тасвирсоз пеши назарҳо меоранд.
Метавон чун далел даҳҳо мисол овард, вале мақсад ин нест. Мақсад муқоисаи он ҳама бо ашъори модарону хоҳарону дилбарони замони мо ҳам нест, балки бозгўйи нуктаест, ки шеъри баланди бонувони тоҷик – чӣ монанди қитъаҳои адабиёти хаттӣ бо ному нишону чӣ мисли пораҳои адабиёти шифоҳӣ номпинҳон – аз қадим буд, ҳаст ва хоҳад монд. Яъне, ин ҳалқаи заррин ҷовидонаву ногусастанист.
Дар ин ҷо чанд мушоҳидаву муҳокима перомуни эҷоди шоираҳои классики тоҷику форс манзур мешавад.
- Робиа
Робиа нахустшоираи форсигў ва ҳамзамони устод
Рўдакист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё