Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Дар борааш муаллифони қабл аз Фаридуддини Аттор ҳам ишораҳо карда будаанд, вале маҳз дар боби «Ҳикояти Робиа – духтари Каъб»-и «Илоҳинома»-и шайхи нишопурӣ («Илоҳинома», Истонбул, матбааи «Маориф», 1940, «Мантиқ-ут-тайр» ва «Илоҳинома»-и Фаридуддин Аттори Нишопурӣ. Теҳрон, интишороти «Паймон», 1382) рўзгораш муфассал шарҳ ёфтааст.
Аз он ҳикоят мефаҳмем, ки дар Балх «амире сахт олирой буд» бо номи Каъб ва эътиқоди муаллиф бар адлу доди ў чандон аст, ки «каъбаи дин»-аш мехонад.
«Амири покдин» – Каъбро «як писар буд», ки «ниҳода ном Ҳорис шоҳ ўро» ва яке духтар, ки «дар шеър гуфтан хушзабон буд».
Каъб ба ворисаш васият мекунад, ки хоҳарашро нигаҳбон бошад ва Ҳорис чанде «чу ҷон медошт хоҳарро гиромӣ».
Ҳорис Яктош (شاتکی) - шояд ба маънои «яктояш, яктои Худо») ном ғуломи хушсурату хушсирате дошт (дар баъзе нусхаҳо Бектош (شاتکیب) омада, бешак, ба иллати шабоҳати зоҳирии калимаҳо ва адами маънохонӣ, ки вазнро хароб мекунад).
Боре Робиа тасодуфан саҳнаи базми шоҳонаро мебинад ва чашмаш ба Яктош меафтад, ки:

Гаҳе сармаст дардодӣ шаробе,
Гаҳе бинвохтӣ хуш-хуш рубобе

ва, маҳву моти он ҳусну ҷамол гашта, батадриҷ бемор мешавад.
Чун табибон илоҷи дардашро наёфтанд, дояаш сабаб ҷуст ва Робиа «ба хуни дил яке нома адо кард» ва «яке сурат зи нақши хеш чун моҳ» дар он ниҳода, ба Яктош фиристод. Яктош «чу нақши ў бидиду шеър бархонд», низ дил аз даст дод. Вақте ки доя ин хабар ба Робиа бурд,

пешина
аз 323
навбатӣ