МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Ҳорис, ки қаблан низ бадгўйиҳое оид ба хоҳараш шунида буд, баҳона меҷуст, то ўро халок бисозад ва, дере нагузашта, чунин баҳона фароҳам омад. Шахсе, номадони Яктошро кушода, шеърҳои Робиаро, ки барои дилдораш фиристода буд, ба шоҳ мерасонад. Ҳориси сангдил, нахуст ғуломашро бандӣ намуда, ба чоҳ меафканад, сипас хоҳарашро рагҳои даст бурида, ба ҳаммоми сўзон мепартояд.
Робиа, деворҳои гармобаро бо сатрҳои дилошўби хунбор пурашъор карда, ба ҳалокат мерасад. Яктош, бо чи роҳе аз зиндон раҳо ёфта, Ҳорисро мекушад ва худро дар сари гўри Робиа ҳалок месозад…
Ҳикояти шайх Аттор бисёр муассир аст, вале гумон меравад, ки аз хаёлот орӣ нест. Нахуст, сифоти амири Балх (баадлудод, покдин, олирой, каъбаи дин) насими сабуке аз қиссаҳои афсонавӣ меорад. Сониян, таънаи Робиа Яктошро, ки «ишқи ман дигар асту ту танҳо баҳонаӣ!» ва руҷўъ ба Абўсаиди Абулхайр, ки Робиаро билкул шахсияти тасаввуфӣ шарҳу маънӣ мекунад, нақше аз тарғиби мазҳабӣ доранд.
Баъзе муҳаққиқон Робиаи дигареро аз аҳли тасаввуф зикр кардаанд ва эҳтимоли солим он аст, ки шайх Аттор дониста ин ду шахсиятро ба ҳам омехта бошад. Робиаи шоираро – ба хотири саргузашти шўрангезу муассир ва Робиаи мутасаввифро – ба хотири тарғиби мазҳаб. Вале муҳим он аст, ки шахсияти воқеӣ будани Робиаи Балхӣ дар дигар сарчашмаҳо зикр шудаву ашъораш то замони мо расидааст ва шайх Аттор, нимвоқеӣ бошад ҳам, ҳолномаи шоираро барои мо ба ёдгор гузоштааст.
Нуктаи дигари муҳим зикри мулоқоти ў бо Рўдакист.
Чун Рўдакӣ он замон устод ва «шоири Хуросон» буд ва Робиа – ҳанўз дўшиза, таваллуди ўро дар бузургсолии Одамушшуаро тахмин кардан мумкин будагист. Матлубаи Мирзоюнус – муаллифи китоби «Сиришке дар лола»
(Хуҷанд, 1998) дар ин замина соли таваллуди Робиаро 920 гуфтааст. Вафоти шоираро, ки дар айни ҷавонӣ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё