Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

ишқбозӣ даргузаштааст, метавон аввали солҳои чилуми қарни Х тахмин кард.
Ҳамчунин, мавсуф бо истинод ба «Шеър-ул-Аҷам»-и
Шиблии Нуъмонӣ, ки Робиаро «фарворӣ» зикр кардааст, оид ба «фархорӣ» будани ин калима эҳтимоли ҷолибе пешниҳод мекунад. Дар ҳақиқат, ин байти шайх Аттор ҳам, ки дар саҳнаи Яктошро аз асорат раҳондани Робиа омадааст, ба фархорӣ ва рустамасл будани ў бевосита ишора дорад:

Битозам Рахшу бикшоям дари фасл,
Ки ман дар разм Рустам рустам аз асл!

Дар бораи ҳунари шоирии Робиа ишораҳо зиёд аст, вале нахустин ва, ба гумони мо, болотаринаш байти зерини шайх Аттор аст, ки таъми сухани шоираро басо воқеӣ ва шоирона ифода менамояд:

Чунон дар шеър гуфтан хушзабон буд,
Ки, гўйӣ, аз лабаш таъме дар он буд!

Ризоқулихони Ҳидоят, ки ба Робиаи Балхӣ манзумае ҳам бахшида будааст, ўро «дар ҳусну ҷамол ва фазлу камол ягонаи рўзгор» медонад, Муҳаммад Авфӣ «бар назми тозӣ қодир ва ба шеъри форсӣ бағоят моҳир»-аш мехонад.
Чунон ки Бобоҷон Ғафуров таъкид мекунад, ба майдони ҳунар омадани чунин «шоираи баркамол аз дараҷаи баланди маданияти он замон (давраи Сомониён) гувоҳӣ медиҳад» («Тоҷикон», Д., 1998, китоби якум, саҳ.515).
Баъд аз Шайх Аттор ҳам адибон ба зиндагии фоҷиавию ҷолиби Робиа таваҷҷуҳи зиёд карданд. Қиссаи рўзноманигор ва ходими ҳизбии Тоҷикистон Тоҷӣ Усмон (1906–1968) «Духтари ниқобпўш», намоишномаи Абдусалом Атобоев «Робиаи Балхӣ», достони Гулрухсор «Рўҳи урён», манзумаи шоири Афғонистон Носир Таҳурӣ «Шуълаи Балх» натиҷаҳои ин таваҷҷуҳанд.

пешина
аз 323
навбатӣ