Зеҳн
Алиҷуни ҷун

Ин китоб афсонаи халқии тоҷикиро дар бар мегирад. Он хонандагонро бо ҳикояҳои ҷолиби афсонавӣ шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 19 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

ки гурусна мемонд, ҳар чизе ки меёфт, хомохом мехӯрд. Акнун дар тамоми деҳа ва ҳатто деҳаҳои ҳамсоя ҷонзоти зиндае намонда буд. Вале одамон аз ин ҳодиса хабар надоштанд, чунки девдухтар танҳо шабона шикор мекард. Сайдашро ба даст дароварда, дар оби ҷӯш пазонда, баъд нӯши ҷон мекард. Одаташ ҳамин буд, вале Алиҷон аз ҳамаи ин бехабар.

Девдухтар дид, ки Алиҷон, ҳамоне ки дар замони кӯдакӣ як ангушти ӯро буридаву қариб сиррашро фош намуда буд, омада истодааст. Шод гашт. «Туъма бо пойи худаш меояд», - аз дил гузаронд дев. Ва зуд аз болои дарахт фаромада, дегро болои дегдонча гузошта ба дарунаш об рехту аловро гирон кард. Баъд машғули рӯбучини хона шуд.

Алиҷон ба дарвозаи хонаи падар омада, ҳайрон гашт. Ҷонзоте ба чашм наменамуд. Аз омаданаш пушаймон шуд, вале дигар илоҷи қафо баргаштан ҳам надошт. Девдухтар ӯро пешвоз гирифт. Ӯ акнун хеле бузург гашта буд. Аспи Алиҷонро таги дарвоза баста, ӯро ба сӯйи хона таклиф кард.

  • Биё, Алиҷуни ҷон, хуш омадӣ, акаҷон. Ин қадар солҳо куҷо будӣ?

  • Кор кардам, ҳунар омӯхтам ва инак ба аёдати шумо омадам. Хуш, ку падару модарам, куҷоянд онҳо, ба чашм наменоянд?

Девдухтар сиррашро пинҳон дошт, нагуфт, ки чанд сол пештар онҳоро хӯрдааст.

пешина
аз 19
навбатӣ