Алиҷуни ҷун

Ин китоб афсонаи халқии тоҷикиро дар бар мегирад. Он хонандагонро бо ҳикояҳои ҷолиби афсонавӣ шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 19 саҳифа
- Пиру бемор шуда фавтидаанд, - кӯтоҳ ҷавоб дод девдухтар. - Хуш, биё додарам, меҳмони ман шав.
Алиҷонро ба хона таклиф карда, рӯйи кӯрпача шинонд ва худ паси кори рӯзгор рафт.
Алиҷон ба чор кунҷи ҳавлӣ нигариста, ободиеро надида, аниқ дарк кард, ки кори девдухтар одамхӯрист ва падару модари ӯро ҳам хӯрда нобуд кардааст. Акнун чораи халосӣ меҷуст, чӣ тавр аз ин ҷо фирор кунад ва ҷон ба саломат барад?
Алиҷон дар фикру хаёли ҷони хеш, каме нишаста буд, ки девдухтар назди дар пайдо шуда:
- Алиҷуни ҷон, аспаки ту чорпоя буд ё сепоя? - гӯён суол дод.
Алиҷон дарк кард, ки девдухтар хеле гурусна будааст, ки аллакай як пои аспи ӯро канда хӯрдааст. Агар чорпоя гӯяд, ҷаҳли дев омада, шояд ба ӯ ҳам ҳуҷум намояд. Аз тарси ҷон гуфт:
- Аспаки ман сепоя буд.
Девдухтар боз қафо баргашт, Алиҷон танҳо монд.
Даҳ дақиқа пас девдухтар назди дар пайдо шуда, боз ба Алиҷон савол дод:
- Алиҷуни ҷон, аспакат дупоя буд ва ё сепоя?
- Аспаки ман дупоя буд.
Ҳамин тавр, дақиқаҳо паси сар мешуданду девдухтар давида омада боз савол медод:
- Алиҷуни ҷон, аспаки ту дупоя буд ё якпоя?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё