Зеҳн
Алиҷуни ҷун

Ин китоб афсонаи халқии тоҷикиро дар бар мегирад. Он хонандагонро бо ҳикояҳои ҷолиби афсонавӣ шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 19 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан
  • Ман медонам, писарам, он тарафашро нагӯйӣ ҳам, мешавад. Баъд мӯйсафед ба кофтани даруни хӯрчинаш машғул шуда, аз он як дона себи сурхи калонеро бароварда доду гуфт:

  • Гир, писарам. Метавонӣ ба кӯҳ баромада, овора нашуда, аз ҳамин ҷо ба хона баргардӣ, зеро ана ҳамин себи сурхи дастат муродатро ҳосил мекунад. Метавонӣ себро ба шоҳ бурда расонӣ. Фақат хосияти себ ҳамин аст, ки онро танҳо не, балки шоҳ бо ҳамсараш ду тақсими баробар намуда, баъд бояд истеъмол намоянд. Он гоҳ муродашон ҳосил ва онҳо соҳиби духтарҷае хоҳанд гашт.

Мӯйсафед инро гуфту ҷонибе равона шуд. Салим-паҳлавон аз барор гирифтани кораш хурсанд шуда, баъди ноништо ва каме истироҳат роҳ ҷониби қасри подшоҳ гирифт. Боз чор шабу чор рӯз роҳ гашта, ба кишвари Ғайратшоҳ омада расид.

Дарбориён аз омадани паҳлавон зуд ба шоҳ хабар доданд. Худи шоҳ назди қаср ӯро самимона пешвоз гирифт ва чун фаҳмид, ки навкари бовафои ӯ ин мушкилотро осон гардонда, дасти холӣ наомадааст, боз табъаш болида гардид. Ба навкар миннатдории худро баён кард. Шоҳ зуд ба хотири бозгашти Салим-паҳлавон дастархон ороста, ӯро меҳмондорӣ намуд. Ба хазинадор

пешина
аз 19
навбатӣ