Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Таҷрибаҳо ва ҷустуҷӯҳои алоҳидаи муваффақ дар ин самт бо таҳия ва нашрияҳои У.Ростоу (назарияи марҳилаҳои афзоиш), Ҷ.Гэлбрейт (ҷамъияти нави саноатӣ), Д, Белл (ҷамъияти стиндустриалӣ), А.Тоффлер (ҷамъияти супериндустриалӣ) вобастаанд.
  2. Хусусияти хос ва нуқсони умумии ҳамаи ин назарияҳо принсипи детерминизми технологӣ мебошад, ки аксар вақт ҳамчун постулати ягона ва асосӣ ва муҳаррики тамоми раванди рушд баррасӣ карда мешавад. Нуктаи дигар - иваз кардани меъёрҳои иҷтимоӣ-равонии тағйироти муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад.
  3. Дар маҷмӯъ, тафаккури иқтисодии ҷаҳонӣ аз ҳисоби назарияҳои зикршуда бо идеяи се марҳила дар сатҳи макроиқтисодӣ дар миқёси тамоми сайёра (мавҷи аграрӣ
  • мавҷи саноатӣ - мавҷи пас аз саноатӣ) ва панҷ марҳилаи Ростоу, ки барои ҳар як кишвари алоҳида (дар гузашта, ҳозира ва оянда) гузариши ҳатмии ҳамаи марҳилаҳои рушдро нишон медиҳад, ғанӣ гардид.
  1. Дар асоси назарияи иҷтимоию фарҳангии тамаддуни ягона идеяи ҳаракати тадриҷии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба сохти ягонаи сиесӣ, ҳамҷоя ва иқтисодӣ демократияи либералӣ, яъне чунин сохтор, ки аллакай дар Ғарб ба даст оварда шудааст, ҷойгир аст. Тибқи ин назария, навсозии ҷомеа дар ҳама ҷо ба ғарбшавии он, яъне нусхабардории фарҳанги ғарбӣ аз ҷониби дигар кишварҳо монанд аст.
  2. Назарияи бархӯрди тамаддунҳо ба он ақида асос ёфтааст, ки ҷаҳон торафт бисерқутбӣ мешавад ва аз ҳашт тамаддуни асосӣ иборат аст: ғарбӣ, исломӣ, ҳиндуӣ, чинӣ, ҷопонӣ, насронӣ, африқоӣ, амрикои лотинӣ ва навсозии онҳо бо ғарбгароӣ якхела нест.
  3. Назарияҳои асосии шарҳи сабабҳои робитаҳои иқтисодии байни кишварҳо назарияи бартариҳои мутлақи Смит, назарияи бартариҳои нисбии Рикардо, назарияи таносуби омилҳои Ҳекшер-Олин, қисман назарияи бартариҳои рақобатии Портер, инчунин назарияҳои алтернативии тиҷорати байналмилалии Кругман ва Баласса мебошанд.
пешина
аз 142
навбатӣ