АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Фаъолияти фирмаю ширкатҳо, аз ҷумла, таҷрибаи фурӯш, идоракунӣ, муносибатҳои дохилихоҷагӣ бодиққат таҳлил карда мешавад. Дар маҷмуъ онҳо ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъсир мерасонанд.
Дар баробари ин дар низомҳои ташкили хоҷагидорӣ ва идоракунӣ тамоюлҳои нав ба вуҷуд меоянд. Сохторҳои истеҳсолӣ-функсионалӣ ва тақсимкунӣ тағйир меёбанд.
Аслан дар назди як қатор кишварҳои ОҶШ як вазифа – таҳияи модели иқтисоди рақобатпазир, ки ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст, истодааст. Бинобар ин, сиёсати давлат аз мусоидат намудан ба рушди фаъолияти инноватсионӣ-сармоягузорӣ иборат аст, ки имкон медиҳад ҳаҷми савдои хориҷӣ зиёд ва сохтори он такмил дода шавад.
Дурнамо дар бозори ҷаҳонӣ чунин аст, ки тағйирёбии шадиди нархи молҳо ногузир аст. Бинобар ин дар мамлакатҳое, ки ба истеҳсоли ашёи хом нигаронида шудаанд, рушди иқтисодӣ устувор буда наметавонад. Роҳи асосии расидан ба қатори кишварҳои мутараққӣ бо рушди истеҳсолоти навоварона мумкин аст. Ин барқарорнамоии низоми миллии дастгирии он, ташкили инфрасохтори мураккаб ва серсоҳа барои ҷорӣ намудани инноватсияҳо, коркарди стратегияи аниқ ва самарабахши тараққиёти илм ва техникаро талаб мекунад. Ҳангоми ҳалли ин ва як қатор дигар масъалаҳои бисёрҷабҳаву мураккаб ба назар гирифтан таҷрибаи мусбат ва манфии мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон фоиданок шуда метавонад.
Хулосаҳо:
- Фикри муосири иқтисодӣ то ҳол натавонист назарияи ягонаи марҳилаҳои рушди хоҷагии ҷаҳониро эҷод кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё