Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Зарурати дохил кардани ҳамаи омилҳои истеҳсоли давлатҳои миллӣ ба ҳаракати ҷаҳонӣ ва тақсимоти байналмилалии меҳнат.
  2. Берун рафтани раванди истеҳсолот аз доираи хоҷагии миллӣ ва инкишофи иқтидори бозор.
  3. Ҳаҷми афзояндаи ихтисоси байналмилалӣ ва кооператсияи истеҳсолот.
  4. Маҳдудияти захираҳои кишварҳои алоҳида барои мустақилона гузаронидани тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар шароити пешрафти илму техника.
  5. Зарурати ҳалли муштараки мушкилоти глобалии инсоният.
    Раванди байналмилалгардии ҳаёти хоҷагидорӣ бо либерализатсияи муносибатҳои иқтисодии хориҷии кишварҳо дар доираи иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамроҳ мешавад.
    Либерализатсияи муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ маънои баланд бардоштани сатҳи кушодагии иқтисодиёти миллиро барои ҷаҳони беруна ҳам аз нуқтаи назари иштирокчиёни миллӣ ва ҳам хориҷии муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ дорад: боҷҳои гумрукӣ дар роҳи ҳаракати байналмилалии молҳо коҳиш меёбанд, фазои мусоиди сармоягузорӣ барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба вуҷуд меояд, сиёсати муҳоҷирати давлатӣ камтар сахт мешавад.
    Байналмилалгардии иқтисодиёти миллӣ дар ду шакли асосӣ сурат мегирад:
  6. Ҳамгироӣ. Ҳамгироии иқтисодии минтақавии кишварҳо - раванди муттаҳидшавии иқтисодӣ-сиёсии кишварҳо дар асоси рушди робитаҳои амиқи устувор ва тақсимоти байналмилалии меҳнат байни хоҷагиҳои миллӣ, ҳамкории сохторҳои такрористеҳсоли онҳо дар сатҳҳои гуногун ва шаклҳои гуногун мебошад.
    Ҳамин тариқ, шакли ҳамгироии байналмилалгардӣ аввал муттаҳидшавии бозорҳо ва сипас истеҳсолоти якчанд кишварро ба минтақаи тиҷорати озод ва соҳибкорӣ муаррифӣ мекунад ва бо ин роҳ ташаккули фазои ягонаи иқтисодиро муайян мекунад.
пешина
аз 142
навбатӣ