АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
1.4. Омори иқтисоди ҷаҳонӣ Ҳамаи нашрияҳои байналмилалии оморӣ шартан ба якчанд гурӯҳҳои асосӣ тақсим карда мешаванд.
Нашрияҳои и СММ, ки масъалаҳои умумии рушди иҷтимоию иқтисодиро инъикос мекунанд Ба чунин нашрияҳо пеш аз ҳама нашрияҳои СММ, ба монанди “Солномаи оморӣ” (Statistical Yearbook) ва “Бюллетени ҳармоҳаи оморӣ” (Monthly Bulletin of Statistics), инчунин нашрияҳои Бонки Ҷаҳонӣ:
“Нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷаҳонӣ” (World Development Indicators) ва “Атласи Бонки ҷаҳонӣ” (World Bank Atlas) дохил мешаванд.
“Солномаи оморӣ” миқдори зиёди маълумотро дар бораи аҳолӣ, соҳаи иҷтимоӣ ва фаъолияти хоҷагии кишварҳои ҷаҳон дар бар мегирад; дар бахши алоҳида маълумот дар бораи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ҷудо карда шудааст. Дар маълумотнома маълумот дар бораи тиҷорати байналмилалӣ, тавозуни пардохт ва вазъи молияи байналмилалӣ ҷойгоҳи калон дорад.
“Бюллетени ҳармоҳаи оморӣ” инчунин маълумоти демографӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар бюллетен маълумот дар бораи шумораи аҳолӣ ва бозори меҳнат; индексҳои истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ; истихроҷи ангишт, газ, нафт ва намудҳои гуногуни маъданҳои металлҳои ранга ва сиёҳ; дар бораи ҳаҷми истеҳсоли ҷаҳонӣ бо тақсимоти намудҳои гуногуни металлҳо, матоъҳо, гандум, коғаз, маҳсулоти резинӣ, масолеҳи сохтмонӣ, воситаҳои нақлиёт, нерӯи барқ; дар бораи кори намудҳои гуногуни нақлиёт; индексҳои нархҳои молҳои истеъмолӣ ва саноатӣ дар кишварҳои гуногун; савдои байналмилалӣ аз рӯи кишварҳо ва минтақаҳо, аз ҷумла маълумот оид ба савдои ҷаҳонии молҳои муҳимтарин, инчунин индексҳои ҳаҷми воқеӣ ва нархҳои миёнаи содирот ва воридот оварда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё