Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Он ҳам ҷадвалҳои умумӣ ва ҳам доир ба кишварҳоро дар тӯли панҷ сол дар бар мегирад, ки ду соли охир аз рӯи семоҳа тақсим карда мешаванд.
Дар баробари нашрияҳои бисёрсоҳавӣ, СҲИР инчунин дастурамалҳои соҳавиро нашр мекунад, ки дар онҳо ҳолат ва рушди соҳаҳои алоҳида дар кишварҳои узви СҲИР тавсиф карда мешавад ва инчунин масъалаҳои тиҷорати байналмилалӣ дар ин соҳаҳо равшан карда мешаванд. Мисол “Омори кишоварзии кишварҳои СҲИР” (OECD Agricultural Statistics) шуда метавонад.
Хадамоти омори СҲИР инчунин дастурҳо дар бораи вазъ ва рушди иқтисодиёт дар кишварҳое, ки ба ин созмон дохил нестанд, нашр мекунад. Аз ҷумла, СҲИР ҳар семоҳа “Нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуддати иқтисодӣ:
кишварҳои дорои иқтисодиёти гузариш” (Short-Term Economic Indicators: Transition Economies)-ро нашр мекунад. Дар ин нашрия нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии рушд дар 21 кишвари Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ва кишварҳои собиқ ҷумҳуриҳои ИҶШС оварда мешаванд.
Дар нашрияҳои кумитаи байнидавлатии омори ИДМ маълумоти оморӣ оид ба мушкилоти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мавҷуд аст. Ҳаҷми зиёди маълумот дар маҷмӯаи "Солномаи ИДМ" мавҷуд аст.
Дар он тавсифи муқоисавии динамикаи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишварҳои узви ИДМ ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, иҷтимоӣ ва соҳаи иҷтимоӣ дода шуда, маълумот оид ба рушди соҳаҳои гуногун, истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти саноатӣ ва молҳои истеъмолӣ оварда мешавад.

пешина
аз 142
навбатӣ