Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Баррасиҳои таҳлилӣ
Дар баробари нашрияҳои холиси оморӣ, ки танҳо маводи рақамиро дар бораи мушкилоти рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дар бар мегиранд, аксари созмонҳои байналмилалӣ баррасиҳои таҳлилиро дар асоси ин маводи оморӣ нашр мекунанд. Баррасиҳо одатан таҳлили вазъи кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ ва пешгӯиҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, минтақаҳо ва ҷаҳонро аз ҷониби коршиносони ин созмонҳо дар бар мегиранд. Масалан, коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор дар як сол ду маротиба шарҳи таҳлилии "World Economic Outlook"-ро нашр мекунанд, ки дар он вазъи иқтисодӣ ва хусусан вазъи молиявӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон муфассал баррасӣ карда мешавад ва пешгӯиҳои кӯтоҳмуддати рушди эҳтимолии иқтисоди ҷаҳонӣ дода мешаванд. Мисоли дигар “Баррасии солонаи таҳлилӣ” (World Investment Report)-и ЮНКТАД шуда метавонад, ки ба ҳаракати сармоягузории мустақими байналмилалӣ ва қисман портфелӣ бахшида шудааст.

1.5. Усулҳо ва намудҳои таҳлили иқтисодиёти
ҷаҳонӣ
Бояд қайд кард, ки агар худи назарияи иқтисоди
ҷаҳонӣ як соҳаи нисбатан нав дар назарияи умумии
иқтисодӣ бошад, пас назарияи савдои байналмилалӣ, ки
ҳамчун яке аз қисмҳои таркибии якум (ва шакли
муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ) баррасӣ
мешавад, яке аз қадимтарин соҳаҳои назарияи умумии
иқтисодӣ мебошад. Дар таҳқиқот ва омӯзиши назарияи
иқтисоди ҷаҳонӣ гуруҳи зиёди усулҳо, ки ҳам дар
омӯзиши назарияи иқтисодӣ истифода мешаванд, баррасӣ мешаванд.

пешина
аз 142
навбатӣ