АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Дар натиҷа, рушди муосири ҷаҳонӣ бо ташаккули манфиатҳои хоси гурӯҳҳои пурқудрати иқтисодӣ-молиявӣ ва сиёсӣ, ки бо тамоюлҳои ҷаҳонӣ ва манфиатҳои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон мувофиқат намекунанд, ҳамроҳ мешавад.
Дар ин ҳолат бояд ба назар гирифт, ки ҷойгиркунии омилҳои истеҳсолот дар фазои ҳудудии ҷаҳонӣ, якум, хеле нобаробар аст; дуюм, онҳо аз рӯи самаранокӣ ба таври шадид фарқ мекунанд; сеюм, тамоюл ба марҳилаи нави рушди ихтилофҳо байни кишварҳо бо назардошти хусусиятҳои минтақавии дар боло зикршуда, ки ба ташаккули ноустувории геополитикӣ мусоидат мекунанд, мушоҳида мешавад.
Намуди таҳлили глобалӣ-минтақавӣ (континенталӣ) метавонад чунин гуруҳбандӣ шавад:
- таҳлили кишвар бо таваҷҷӯҳ ба бахши иқтисодиёти берунии кишварҳои алоҳида (микротаҳлил);
- таҳлили хоҷагии умумиҷаҳонӣ (глобалӣ) - яъне макротаҳлил (истеҳсоли байналмилалӣ, савдои ҷаҳонӣ, молияи байналмилалӣ ва ғ.);
- таҳлили қисмҳои иқтисоди ҷаҳонӣ дар қисмати минтақавӣ (гурӯҳҳои давлатҳо: давлатҳои пешрафта, кишварҳои рӯ ба инкишоф, кишварҳои дорои иқтисоди гузариш, кишварҳои нави саноатӣ, гурӯҳҳои ҳамгироӣ ва ғ.);
- таҳлили иқтисодиёти кишварҳо дар асоси равиши континенталӣ (Осиё, Африқо, Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи баҳри Кариб);
- таҳлили фаъолияти созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ (СММ, СУС, ХБА, БҶ ва ғайра).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё