АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Инҳо пеш аз ҳама назарияҳои сотсиологӣ ва иқтисодии марҳилаҳои рушд ва назарияҳои иҷтимоию фарҳангии тамаддуни ягона ва бархӯрди тамаддунҳо мебошанд.
2.1. Назарияҳои марҳилаҳои рушд Назарияҳои марҳилаҳои рушд пеш аз ҳама аз назарияи марҳилаҳои рушди иқтисодӣ, назарияҳои ҷомеаи ягонаи саноатӣ ва нави саноатӣ, инчунин назарияҳои ҷомеаи пас аз саноатӣ иборат мебошанд.
Назарияи марҳилаҳои рушди иқтисодӣ Иқтисодшинос, ҷомеашинос ва таърихнигори амрикоӣ Уолт Ростоу соли I960 назарияи худро дар бораи марҳилаҳои рушди иқтисодӣ дар китоби "Марҳилаҳои рушди иқтисодӣ: манифести ғайрикоммунистӣ" таҳия кард. Дар он панҷ марҳилаи асосии афзоиш тасвир шудааст: 1) ҷомеаи анъанавӣ; 2) давраи эҷоди шароит барои болоравӣ; 3) болоравӣ (гузариш, парвоз); 4) ҳаракат ба камолот; 5) асри истеъмоли зиёди оммавӣ. Меъёри ҷудо кардани марҳилаҳо асосан хусусиятҳои техникӣ-иқтисодӣ: сатҳи рушди техника, сохтори соҳавии хоҷагӣ, ҳиссаи ҷамъоварӣ дар даромади миллӣ, сохтори истеъмол ва ғайра мебошанд.
Дар ҷомеаи анъанавӣ (давраи то охири феодализм), ба ақидаи Ростоу, зиёда аз 75% аҳолии қобили меҳнат бо истеҳсоли озуқаворӣ машғуланд, даромади миллӣ асосан бесамар истифода мешавад, ҳокимияти сиёсӣ ба соҳибони замин ё ҳукумати марказӣ тааллуқ дорад. Марҳилаи дуюм гузариш ба болоравӣ мебошад: дар се соҳаи ғайрисаноатӣ — кишоварзӣ, нақлиёт ва савдои хориҷӣ тағйироти ҷиддӣ ба амал меояд. Марҳилаи сеюм болоравӣ фосилаи нисбатан кӯтоҳи вақтро аз ду — се то якчанд даҳсоларо дар бар мегирад (инқилоби саноатӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё