Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар ин давра суръати сармоягузорӣ меафзояд ва истеҳсоли маҳсулот ба ҳар сари аҳолӣ ба таври назаррас меафзояд, ҷорӣ намудани босуръати техникаи нав оғоз меёбад. Рушд дар аввал гурӯҳи хурди соҳаҳои саноатро (соҳаҳои пешсаф) фаро мегирад ва танҳо баъдтар ба иқтисодиёт дар маҷмӯъ паҳн мешавад. Барои он ки афзоиш автоматӣ, худтаъминкунанда гардад, аввал, афзоиши ногаҳонии ҳиссаи сармоягузорӣ дар даромади миллӣ (аз 5 то ҳадди аққал 10 %); дуюм, рушди босуръати як ё якчанд соҳаҳои саноат ва сеюм, пирӯзии ҷонибдорони навсозии иқтисодиёт бар ҳимоятгарони ҷомеаи анъанавӣ зарур аст. Ҳамаи ин бояд паҳншавии импулси ибтидоии рушдро ба тамоми низоми иҷтимоию иқтисодӣ таъмин намояд.
Давраи ҳаракат ба камолот (ҷомеаи саноатӣ) аз ҷониби У.Ростоу ҳамчун марҳилаи тӯлонии пешрафти техникӣ тавсиф карда мешавад: раванди урбанизатсия рушд мекунад, ҳиссаи меҳнати тахассусӣ меафзояд, роҳбарии саноат дар дасти менеҷерони соҳибихтисос мутамарказ карда мешавад. Дар марҳилаи панҷум (истеъмоли зиёди оммавӣ) гузариш аз пешниҳод ба талабот, аз истеҳсолот ба истеъмоли оммавии молҳо ва хидматҳо амалӣ карда мешавад. Дар кори дертари худ "Сиёсат ва марҳилаи рушд" (1971) У. Ростоу марҳилаи шашуми ҷустуҷӯи сифати ҳаётро илова мекунад, ки дар он рушди маънавии инсон ба мадди аввал гузошта мешавад.
Давомнокии марҳилаҳо хеле гуногун аст.
Дарозтарин марҳилаи аввал буд ва баъзе кишварҳои ҷаҳон то ҳол дар он ҳастанд. Марҳилаи дуюм дар Аврупои Ғарбӣ охири асри XVII - аввали асри XVIII давом кард. Марҳилаи сеюм дар Англия пас аз соли 1783 дар натиҷаи афзоиши саноати бофандагӣ ду даҳсола тӯл кашид; барои Фаронса ва ИМА - дар тӯли якчанд даҳсола то соли 1860; барои Олмон - дар чоряки сеюми асри XIX дар зери таъсири сохтмони роҳи оҳан, барои Русия ва Канада ин марҳила дар заминаи афзоиши соҳаҳои нави истихроҷ ва кишоварзӣ давраи то соли 1914-ро дар бар гирифт; барои Ҳиндустон ва Чин - пас аз соли 1950.

пешина
аз 142
навбатӣ