АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Масалан, дар ИМА тақрибан 13 миллион муҳоҷири корӣ ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд, ки аз сарҳади Мексика– Амрико, иёлати Флорида ва дигар ҷойҳо ворид мешаванд. Тақрибан 90% хориҷиёне, ки ғайриқонунӣ ба ИМА ворид мешаванд, мексикоӣ мебошанд. Ин ба он сабаб аст, ки соли 1965 созишномаи байни ИМА ва Мексика ба охир расид, ки тибқи он қисми зиёди "аҳолии нисбатан изофавӣ"-и Мексика метавонанд ба Иёлоти Муттаҳида барои кор дар соҳаи кишоварзӣ қонунӣ биёянд. Радди тамдиди ин шартнома аз тарафи ҳукумати ИМА дар асоси талаби иттифоқҳои касабаи Амрико ба он оварда расонд, ки шумораи мексикоиҳое, ки ғайриқонунӣ ба ин кишвар ворид мешаванд, дар як сол то 700 ҳазор нафар афзоиш ёфт, дар ҳоле ки ҳанӯз дар соли 1960 ин нишондиҳанда камтар аз 28 ҳазор нафар буд. Тақрибан 15 миллион нафар ҳар сол "ғайриқонунӣ"
аз Бангладеш ба Ҳиндустон ворид шуда, барои иҷрои корҳои гуногун бо музди камтарин розӣ мешаванд.
Муҳоҷирати қувваи корӣ на танҳо ба кишварҳои калон, балки ба кишварҳои хурд низ паҳн шуд. Инро метавон дар мисоли Юнон пайгирӣ кард, ки дар он 300- 350 ҳазор нафар бе иҷозати мақомот кор мекунанд.
Аксарияти муҳоҷирони "ғайриқонунӣ" дар бозори меҳнати Юнон сокинони Албания, Филиппин ва юнониёни понтия аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд.
Онҳо барои ҷойҳои кории музднок дар корхонаҳою муассисаҳо даъво надоранд. Мавҷудияти шумораи зиёди коргарони ғайриқонунӣ барои хазинаи Юнон дар шакли андозҳои пардохтнашуда талафоти калон ба бор меорад.
Ҳамин тариқ, муҳоҷирати ғайриқонунии қувваи корӣ ба мушкилоти ҷаҳонӣ табдил ёфт. Ин вокуниши мардуми меҳнаткаш ба санадҳои қонунгузории бисёр давлатҳо мебошад, ки тавассути онҳо вуруди қувваи кории хориҷӣ танзим карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё