Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, тибқи назарияи ҳамгироӣ, кишварҳои ҳамгирошуда бояд пеш аз ворид шудан ба ягон марҳилаи ҳамгироӣ баъзе шартҳои иқтисодӣ ва сиёсиро иҷро кунанд. Шартҳои асосии пешакӣ бо солимии иқтисодиёти онҳо, рақобатпазирии онҳо ва қобилияти муқовимат ба оқибатҳои равандҳои таҷдиди сохтор алоқаманданд. Агар фарқиятҳо дар рушди иқтисодии кишварҳои ҳамгирошуда ҳангоми оғози раванди ҳамгироӣ вуҷуд дошта бошанд, монеаҳо барои ҳамгироии муваффақ метавонанд ба миён оянд.
Дар иқтисоди ҷаҳонӣ як навъ пирамидаи иттиҳодияҳои ҳамгироӣ мушоҳида мешавад. Минтақаҳои савдои озод асоси пирамидаро ташкил медиҳанд ва иттиҳоди иқтисодӣ/асъорӣ қуллаи онро ташкил медиҳад.
Ҷомеаҳои иқтисодӣ кӯшиш мекунанд, ки равандҳои ҳамгироии байни иқтисодиётро, ки аз рӯи сатҳи рушди онҳо фарқ мекунанд, ба ҳаракат дароранд.
Кушодагии афзояндаи иттиҳодияҳои ҳамгироии минтақавӣ дар ҷараёни раванди ҷаҳонишавӣ хусусияти ояндадори равандҳои ҳамгироӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад, ки ба рушди устувор мусоидат мекунанд.

2.7. Назарияҳои фаромиллигардонӣ
Ширкатҳои фаромиллӣ – ширкатҳое мебошанд,
ки: 1) гардиши солонаи аз 100 миллион доллар зиёд
доранд; 2) филиалҳо дар на камтар аз шаш кишвар; 3)
фоизи аксари фурӯши молҳои он берун аз кишвари
муассис фурӯхта мешаванд. Ширкатҳои фаромиллиро аз
рӯи сохтори дороиҳои он низ шинохтан мумкин аст. Дар
баъзе тадқиқотҳои хориҷӣ ба ШФМ ширкатҳое дохил мешаванд, ки на кам аз 25% дороиҳои худро дар хориҷа доранд.

пешина
аз 142
навбатӣ