АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа
мебошад Модели интернализатсия Р.Коуз П.Бакли
Дар дохили ширкати калон бозори махсуси дохилӣ амал мекунад, ки аз ҷониби роҳбарони ширкат ва филиалҳои он (бахшҳо) танзим карда мешавад. Қисми зиёди амалиётҳои расман байналмилалӣ амалан амалиёти дохилии ширкатҳои бузурги хоҷагидорӣ мебошанд.
2.7. Таҳлили назариявии модели иқтисодии кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
Мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ даҳсолаҳо боз бо натиҷаҳои гуногун роҳҳои тағйир додани иқтисодиёти миллиро барои тараққиёти бомуваффақият ва босуръати он ҷустуҷӯ мекарданд ва ёфтанд. Моделҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин стратегияҳои он дар кишварҳои гуногун, ки дар як вақт хеле гуногун буданд, ташаккул ёфтаанд ва самаранокии онҳо гуногун буд. Дар муқоисаи нишондиҳандаҳои иҷрои вазифаҳои ба миёнгузошташуда бо нишондиҳандаҳое, ки дар барномаҳои иҷтимоию иқтисодии Сингапур, Малайзия, Таиланд, Индонезия ва Вйетнам ба нақша гирифта шуда буданд, ҷабҳаҳои устувору норасоиҳои онҳоро ошкор карда, инчунин самаранокии механизмҳое, ки барои татбиқи онҳо истифода шудаанд, баҳо додан мумкин аст.
Усули муқоисавӣ имкон медиҳад, ки дар вариантҳои тараққиёти мамлакатҳои баррасишаванда ҳам умумият ва ҳам хусусият равшантар муайян карда шавад. Бо ин сабаб таҳқиқоти методологияи омӯзиши марҳилаҳои гуногуни ташаккул ва таҳаввули сохти давлатӣ ва бахусус, низомҳои иҷтимоию иқтисодӣ лозим аст.
Дар фазоҳои гуногуни миллӣ-таърихӣ ва фарҳангӣ моделҳои гуногуни тараққиёти ҷамъият ба вуҷуд оварда мешаванд. Дар марҳилаи ибтидоии ташаккули давлатдорӣ, ки Индонезия, Малайзия ва Сингапур пас аз озод шудан аз мустамлика маҷбур буданд аз он гузаранд, ҳукумати марказӣ ба ташаккули муассисаҳои функсионалӣ ва баъдан низомҳои мувофиқ, яъне бонкӣ, буҷетӣ, гумрукӣ, андоз ва баъзе дигарон саҳм гузоштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё