Зеҳн
АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ

Дастури таълимӣ асосҳои назарияи иқтисоди ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додааст, аз ҷумла, назарияҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷортаи байналмилалӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ, равандҳои ҳамгироӣ, фаромиллигардонӣ ва ҷаҳонишавӣ, асосҳои методологии таҳқиқот ва мушкилоти муосири итисодиёти ҷаҳон таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Иқтисоддон В.Д Андрианов равандҳои иқтисодиро дар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ таҳқиқ намуда, консепсияи пурсамари низомҳои функсионалии иқтисодиро пешниҳод мекунад, ки як навъ ҳамбастагӣ аз назари бисёр олимони намоён, дар ин ё он шакл риояи принсипҳои танзими иқтисодӣ мебошад. Худи низоми функсионалии иқтисодӣ сохтори кушодаи худтанзимкунанда мебошад.
Таиланд, ки мувофики ақидаи академик Н.А.
Симония давраи ниммустамликавӣ аз сар гузаронидааст, танҳо як қатор муассисаҳояшро тадриҷан нав кард, вале ҳамон замон сохторҳои функсионалиро тағйир ва инкишоф дод.
Пеш аз ҳама вазифаи дигаргун сохтани модели таърихан муқарраршудаи иқтисодии замони мустамликавӣ, муносибатҳои иқтисодӣ ва сохторҳои қадимӣ ҳал карда шуд. Ба ақидаи Н.А. Симония, мамлакатҳои Шарқ бояд «вазифаи дутарафаро ҳал кунанд: аз як тараф — табдил додани сохторҳои мустамликадорӣ ба тарзи истеҳсолоти ҳозиразамон ва аз тарафи дигар, ҷудо намудани сохторҳои анъанавии қадимӣ, тадриҷан навсозии онҳо ва дар ин асос вуруд ба мадори тарзи муосири истеҳсолот». Ҳукуматҳо шаклҳои дигаргунсозиро ба шароити мушаххаси ҳар як кишвар ҷустуҷӯ намуда, пайдо карданд, ки мутобиқшавӣ ба ҷаҳони зудтағйирёбандаро осон намуд. Ҷустуҷӯи имкониятҳои нави рушди маҳалл, дар баъзе мавридҳо, синтез, инчунин тақлид ба навоварӣ дастрастарин буд.
Иқтисоддонҳо ва ходимони давлатӣ, чун қоида, зери таъсири назарияву консепсияҳои болоравии иқтисодиёт буданд, ки на танҳо дар кишварҳои ғарбӣ, балки дар ҷаҳони сеюм коркард ё амал мекарданд.

пешина
аз 142
навбатӣ