Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Масъалаҳои ташкили системаи ҳамлу нақли бехатар, осон намудани қоидаҳои тиҷорат, ҳавасмандкунонии тиҷорати наздисарҳадӣ, истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ, ташкили системаи ягонаи энергетикӣ, ҳаракати озоди қувваи корӣ ва молҳо, инчунин ташкил намудани ҳудуди ягонаи иқтисодӣ сиёсати имрӯзаи СҲИ-ро ташкил медиҳанд.
Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созмон ҳамкориҳои густардаро ба роҳ мондааст ва мунтазам дар кори он фаъолона иштирок дошта, баҳри рушди минтақа таклифу пешниҳод намуда, аз иқдомҳои созмон пуштибонӣ мекунад. Чунончӣ, рӯзҳои 22 ва 23 декабри соли 2010 дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия ҳамоиши 11-уми сарони давлатҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид. Дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзид.
Масоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва энергетикӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳои меҳварии он ҳамоиш буданд.
Пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон дар бораи пайвастани роҳҳои нақлиётии Чин, Қирғизистон,Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Туркия ва ҳамчунин зарурати пурра истифода намудани потенсиали гидроэнергетикии минтақа ва ҳарчӣ зудтар татбиқ намудани лоиҳаи «CASA-1000» барои ба ҳам пайвастани шабакаҳои энергетикии Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон дар матни санади ниҳоии нишаст - «Эъломияи Истамбул» инъикос ёфтанд.
Нақшаи асосии рушди соҳаи нақлиёт дар минтақаи СҲИ ва Изҳороти ашқободии Мулоқоти ғайринавбатӣ дар сатҳи олӣ оид ба рушди зерсохтори нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ ва хатҳои об дар минтақаи СҲИ, ки дар чаҳорчӯби Созмон қабул шудаанд, барои ҳамаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, ки дастрасӣ ба баҳр надорад, аҳамияти хоса доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баъзе кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар масъалаи таҳияи тарҳҳои роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, ки дар доираи Созишнома барои беҳтар гардонидани робитаҳои нақлиётӣ нигаронида шудааст, ҳамкории зич дорад. Чунин тадбирҳо бо аҳдофи Даҳсолаи нақлиёт ва коммуникатсия (солҳои 2007-2015) низ пурра тавъам мебошанд. Дар баробари ин Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро барои бунёд намудани роҳи оҳан, ки Тоҷикистонро бо роҳи оҳани Афғонистону Эрон аз як тараф, ва Қирғизистону Чин аз тарафи дигар мепайвандад, кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои зикргардида, ҳамчунин дар чаҳорчӯби созмон ҳамкориҳои густардаеро бо кишварҳои узв дар соҳаҳои саноат, телекоммуникатсия, фарҳанг ва маориф ба роҳ мондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё