Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф миёни ду кишвар дар чорчӯбаи барномаҳои омӯзишие, ки аз ҷониби Малайзия ба мутахассисони тоҷик пешкаш мешаванд, инкишоф ёфта истодаанд.
Дар тӯли солҳои сипаришуда сафарҳои пурсамари мутақобила дар сатҳи олӣ, инчунин вохӯриҳои расмии намояндагони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия баргузор гардиданд, ки шаҳодати ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар мебошанд.
28-30 октябри соли 2003 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Индонезия баргузор гашт, ки натиҷаи асосии он ба имзо расонидани ҳафт санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷорат, туризм ва илму техника ва ҳосил гардидани мувофиқаҳо барои рушди муносибатҳо мебошад.
Нахустин ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Сингапур моҳи апрели соли 2010 баргузор гардид. Дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки сарони ду давлат ва ҳайатҳои расмӣ масъалаҳои ба роҳ мондани муносибатҳои густардаи дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Сингапур баррасӣ шуданд.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Бруней Доруссалом, ки 3-4 апрели соли 2010 баргузор шуд, ба муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар такони тозае бахшид. Зимни сафар мулоқоти Роҳбари Тоҷикистон бо Султони Бруней-Доруссалом Ҳассанал Болкиах доир гардид, ки дар он масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд баррасӣ гардиданд. Бунёди корхонаҳои муштараки саноати сабук, иштироки сармоягузорони Бруней Доруссалом дар истихроҷ ва коркарди захираҳои фаровони Тоҷикистон самтҳои қобили таваҷҷӯҳ дониста шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Иттиҳодияи Мянма ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Лаос дар ҳошияи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид назарас мебошад.
Қобили зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо бо созмонҳои минтақавии осиёӣ, аз қабили Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), Муколамаи ҳамкории Осиё (МҲО), Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) аҳамияти хоса медиҳад.
Мақсаду вазифаҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла, рушди зербинои нақлиёту коммуникатсия ва шабакаи хатҳои фаромиллии нафту газ, ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамгироии босуръати давлатҳои узв ба низоми хоҷагидории ҷаҳонӣ пурра бо ҳадафҳои Тоҷикистон мувофиқат намуда, ба амалӣ кардани Барномаи ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ, ки ба рушди босуръати иқтидори содиротӣ, танзими сохтори воридот, баландбардории сифати маҳсулоти корхонаҳо, рушди шаклҳои гуногуни соҳибкории муштарак ва ғайра равона гардидааст, мусоидат мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё