Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои хориҷӣ
Ҳамрохон Зарифӣ (аз чап) ва собиқ Вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров (аз
рост) ҳангоми маросими ифтитоҳи Маҷмааи варзишии Вазорати корҳои хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 6 сентябри соли 2012
Расм барои хотира. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҳотаи кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Душанбе, 6 сентябри соли 2012
Ҳамкорӣ бо ҷаҳони ислом
Ҳануз моҳи декабри соли 1993 ҳангоми мушаххас намудани асосҳои консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон Роҳбари давлат кишварҳои мусулмоннишини Шарқро ба ҳайси яке аз ҳавзаҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд номбар карда буд.
Дар солҳои аввали истиқлолият роҳандозии муносибатҳо бо кишварҳои мусулмоннишин аслан дар ду самт сурат гирифт.
Якум, ҳамкорӣ бо Созмони Конфронси исломӣ (аз соли 2011 Созмони ҳамкориҳои исломӣ) ва дар доираи он.
Дуюм, рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои мусулмоннишин.
Ҳамкорӣ бо Созмони Конфронси исломӣ (СКИ) ва дар чаҳорчӯбаи он бо дигар кишварҳои аъзо барои Тоҷикистон аҳамияти хоса дошт, зеро он пас аз Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дуввумин созмони байнидавлатии бузург ба шумор рафта, дар сафи худ 57 кишвари чор минтақаи ҷаҳонро муттаҳид намуда буд. Созмон дар таҳкими ҳамоҳангии фаъолият ва ҳамкории мутақобилаи кишварҳои мусулмоннишин нақши калидӣ дошта, ҳамчун абзори судманди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои аъзо баҳри таъмини сатҳи баланди зиндагӣ ва пешрафти онҳо, ҳифзи манфиатҳои олами ислом дар рӯҳияи пешбурди сулҳу салоҳ ва тақвияти ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳои гуногуни ҷаҳон, инчунин дар раванди таъмини сулҳу субот дар паҳнои олами исломӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо кард.
Дар чаҳорчӯбаи ин Созмон ва сохторҳои махсуси он Тоҷикистон имкон пайдо мекард, ки дар асоси умумиятҳои таърихию фарҳангӣ ва тамаддунию динӣ, ки замири онҳоро ҷанбаҳои инсонӣ ташкил медиҳанд, ҳамкориҳоро ба таври васеъ ба роҳ монда, масъалаҳои таъмини манфиатҳои миллии худро пайваста пайгирӣ намояд.
Аз ин хотир, яке аз нахустин иқдомоти ҷиддӣ бо назардошти нақши афзоишёбандаи СКИ дар арсаи байналмилалӣ дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфуз буд, ки 1 декабри соли 1992 амалӣ гардид.
Он вақт мақсади Роҳбари давлат аз барқарор кардани муносибатҳо бо СКИ расидан ба чанд ҳадафе буд, ки барои давлати Тоҷикистон моҳияти калон доштанд.
Якум, зарур буд, ки тавассути ин созмони байналмилалӣ Тоҷикистон ҳарчи беҳтар ба кишварҳои мусулмоннишин муаррифӣ карда шавад. Ин масъала ду ҳадафи асосӣ дошт. Аввалан, муаррифӣ намудани Тоҷикистон чун давлати наву соҳибистиқлоле, ки аксари кулли аҳолии он мусулмон буда, нисбати арзишҳои исломӣ арҷ мегузорад ва хоҳони ривоҷ додани муносибату ҳамкориҳо бо соири давлатҳои мусулмонӣ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё