Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Сониян, ботил сохтани фикру андешае, ки мухолифон ва дигар рақибони онвақтаи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа паҳн карда, зимнан онро чун «режими коммунистӣ» сиёҳ кардан мехостанд. Дар ҳақиқат дар пасманзари пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки тайи ҳафтод соли мавҷудияташ идеологияи ҳукмронаш коммунистӣ ва атеистӣ буд, рақибони давлату ҳукумати Тоҷикистон аз ин омил васеъ истифода кардан мехостанд ва дар хориҷа ҳам то ҷое ба чунин тавтеаҳо бовар мекарданд.
Дуюм, ибрози мавқеи Тоҷикистон нисбат ба дини ислом, масъалаҳои мубрами ҷаҳони ислом ва ҳамин тариқ, дарёфти ҷойгоҳи он дар ҷомеаи кишварҳои мусулмоннишин қадами боз ҳам ҷиддитар ба шумор мерафт.
Сеюм, қавию муассир сохтани ҳамкориҳо миёни давлатҳои исломӣ ва ба ин раванд ворид гардидани Тоҷикистон ҳамчунин ба ҳайси яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ муайян шуда буд.
Нахустин имкони ҷиддие, ки ба ин мақсад Роҳбари давлат аз он самаранок истифода кард, саммити кишварҳои аъзои СКИ буд, ки 13-
14 декабри соли 1994 дар шаҳри Касабланкаи Шоҳигарии Марокаш баргузор гардид.
Дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба вазъияти Тоҷикистон ҷалб карда, сипас роҷеъ ба баъзе мушкилоти ҷаҳони ислом ва андешидани тадбирҳои самарабахш ибрози андеша намуд. Ӯ зикр кард, ки «дар баъзе нуқоти ҷаҳони исломӣ вазъияти устувори сиёсӣ ҳукмфармо нест» ва ин ҳолат «ба иқтисодиёт ва дараҷаи рифоҳияти мардуми ин минтақаҳо бетаъсир намемонад».
«Ба ақидаи мо, – таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон, – кишварҳои исломӣ муносибатҳои байни якдигарро ба як пояи нави иқтисодию фарҳангӣ баланд бардошта, ба ҳамаи нифоқҳои мавҷудаи байнашон хотима бахшанд, ба якдигар ба қадри имкон дасти ёрӣ дароз кунанд, то ки мардуми мусулмон соҳиби зиндагии орому хушҳол гарданд». Ба фикри ӯ ҳамаи ин ва дигар масъалаҳои умдаи рӯз аз СКИ тақозо мекунанд, ки дар ҳалли чунин масъалаҳо «иқдоми ҷиддӣ андешад ва нақши созандагӣ дошта бошад».
Идомаи суханронии Роҳбари Тоҷикистон ба фароҳам овардани фазои мусоид дар кишварҳои узви созмон барои пешрафт бахшида шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки «мо танҳо дар шароити осоишта, сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ, сабру таҳаммул ва оштипазирӣ ба ҳамаи системаҳои сиёсӣ ва динӣ мақсадҳои волои созмонро амалӣ гардонда ва ҳамбастагии ҳақиқии мусулмононро дарёфта, манзалати дини мубини исломро баланд бардошта метавонем». Сарвари Тоҷикистон таъкид дошт, ки «густариш додани ҳамкориҳои кишварҳои узви созмон метавонад набзи пурзӯр ва омили нерӯманд барои рушди минбаъдаи иқтисодии ин кишварҳо бошад»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё