Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
ОҒОЗИ ПАЙВАНД БО ҶАҲОНИ МУОСИР
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад...
Ҳофизи Шерозӣ
Таҳкими асосҳои назариявӣ
ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии Тоҷикистон
Моҳи сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатиро бо чӣ пешвоз гирифтем? Чӣ омодагие ба ин пешомади бузург доштем? Оё ба чунин имтиҳон тайёр будем? Инҳо саволҳое ҳастанд, ки бисёр мушкилоти соли аввали соҳибихтиёрӣ дар онҳо нуҳуфтаанд. Хоҳем-нахоҳем борҳо сари онҳо бармегардем ва сархати ҳама мушкилу печидагиҳои баъдиро аз онҳо пайдо карданӣ мешавем.
Дар ҳақиқат, соҳибистиқлол шудани ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ бо шартҳои зиёде бастагӣ дошт ва ҳодисаҳои ногаҳонии августи соли 1991 аз «паради соҳибихтиёрҳои» соли 1990 ба «ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол» овард. Кӯшишҳои соҳибихтиёр шудан дар баъзе санадҳое, ки то августи соли 1991 қабул шуданд, ин мустақилиятро дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ маҳдуд мекард. Аз ҷумла, парлумони Тоҷикистон низ 24 августи соли 1990 «Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии давлатии ҶШС Тоҷикистон»-ро қабул кард, ки мустақилияти ҷумҳуриро «дар доираи ИҶШС-и навшуда»
пешбинӣ менамуд.
Ҳодисаҳои августи соли 1991 ҳама нақшаҳои таъсис додани «Иттиҳоди навшударо» бар бод доданд ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ пайи ҳамдигар дар бораи соҳибистиқлолии давлатии худ изҳорот қабул карданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки таҳаввулоти дохилии ИҶШС-ро тайи чанд соли «бозсозӣ» таҳти мушоҳида қарор дода буд, дар бобати ба расмият шинохтани ин давлатҳои навтаъсис саросемагӣ нишон намедод ва оқибати онро интизорӣ мекашид. Ахиран, баъд аз барҳам хӯрдани ИҶШС аз охири моҳи декабри соли 1991 расман эътироф намудани истиқлолияти ин давлатҳо шурӯъ гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё