Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Дар идомаи ин 4 январи 1992 Муроҷиатномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардид ва дар он аз давлатҳои узви ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳиш шуд, то истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кунанд ва бо он муносибатҳои дипломатӣ барқарор намоянд.
Дар робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ин ҳодисаҳо
– шурӯъ аз эътирофи истиқлолият, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои хориҷӣ то бастани шартномаҳо, шомил шудан ба созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ (СММ, САҲА) ва ғайра чун ҷузъи як раванди умумӣ рух медоданд. Чун идомаи ҳамин раванд дар соли 1992 дар Душанбе чанд давлати хориҷӣ сафорати худро кушод, ҳайатҳои хориҷӣ пайи ҳам ба пойтахт ташриф меоварданд, вале мушкили надоштани таҷриба дар умури давлатдорӣ ҷой дошт ва ин ба равшанӣ эҳсос мегардид. Яке аз чунин зуҳурот рӯ овардани баъзе нерӯҳои сиёсии ҷумҳурӣ ба доираҳои ғаразноки берунӣ, ҳамчунин имкон додани роҳбарияти расмӣ ба дахолати кишварҳои дигар ба корҳои дохилии ҷумҳурӣ буд.
Дар натиҷаи шиддат ёфтани муборизаҳои сиёсӣ, ки оқибат ба мухолифати тезутунд ва муқовимати яроқнок оварданд, ҷумҳурӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Вазъият дар ҷануб ва маркази ҷумҳурӣ то дараҷае мураккабу сангин буд, ки иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, даъвати дувоздаҳум дар Хуҷанд баргузор гардид. Ин иҷлосия аз чанд ҷиҳат рисолати бузургеро дар назди халқи кишвар бар дӯш дошт. Пеш аз ҳама баҳодиҳии вазъияти баамаломада, ҷустуҷӯи сабабҳо ва роҳҳои баромадан аз ин бӯҳрони саросарӣ мавзӯи баҳси вакилон қарор гирифт. Дар ин иҷлосия интихоби роҳбарияти нави ҷумҳурӣ сурат гирифт, ки ҳамчунин ҷавобгӯи натиҷагириҳои иҷлосия роҷеъ ба таъмини эътидоли вазъи ҷумҳурӣ ва тавозуни нерӯҳои сиёсӣ буд.
Роҳбари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали интихоб шуданаш ба ин мансаби олӣ дар баробари ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарра таваҷҷӯҳро ба он равона кард, ки асосҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, принсипҳои роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷӣ мушаххас гардида, тадриҷан санадҳои зарурӣ таҳия ва қабул карда шаванд.
Дар муроҷиатномаи худ ба мардуми Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон «корро сари масъалаҳое, ки барои ҳар давлати соҳибистиқлол моҳияти зербиноӣ доранд», «ҳаётан муҳим ва стратегӣ» арзёбӣ намуд. Дар ин муроҷиатнома «таҷдиди пойгоҳи қонунгузории ҷумҳурӣ ва мувофиқ кардани он бо меъёрҳои байналмилалӣ», «ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо тамоми кишварҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои фоидаовари тарафайн ҳамкорӣ кунанд», «дохил шудан ба созмонҳои байналмилалӣ, таҳкимбахшӣ ва рушди минбаъдаи робитаҳои некӯҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунҷанба бо давлатҳои ИДМ, пеш аз ҳама Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигарон» чун вазифаҳои муҳимтарин муайян гардиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё