ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа
маъмули қадимии коркарди металлҳо, ки аз ҳазора 1У то милод маъруф аст. Маҷмӯи асбобҳои усто аз болға ва путк, болғача иборат аст. С.Довутов кӯраи оҳангарии сохтаи худро, ки ба танӯрҳои анъанавӣ барои пухтани нон шабоҳат дорад, бо истилоҳи суғдӣ қӯра меномад. Оҳангариро аз амакаш – тағояш дар Рукнобод омӯхтааст, ки ба ӯ якчанд асбобро тӯҳфа кардааст. Дар он ҷо ӯ маросими пурраи камарбандонро гузаронидааст. С.Довутов таъкид мекунад, ки дар маросим на танҳо қонунҳои кории устохона хонда мешавад, балки васфи пири касаба Довуд ва бахшидани хайру корҳо ба он низ ҷой дорад.
Асосан оҳангари маҳаллӣ аслан асбобҳои оддии кишоварзӣ, дарҳо, наълҳо, кордҳо, табарҳо, кетманҳоро истеҳсол мекунад, ки ҳеҷ гуна ороиш надоранд. Дар намуди зоҳирии худ, онҳо то ҳадде ба осори металлии дар Саразм ёфтшуда шабоҳат доранд.
Бо вуҷуди фаровонии маҳсулоти заводи дар дӯконҳои деҳаи Ворӯ, ба асбобҳои оддӣ ва беназири оҳангар талабот бисёр аст. Худи усто ин ҳолатро чунин шарҳ медиҳад, ки асбобҳои завод нисбат ба олоти омода намудаи ӯ кам тобовар аст. Хулоса, оҳангарӣ маҳаллӣ талаботи аҳолиро бо таҷҳизоти рӯзгор пурра қонеъ менамояд.
Шароити анъанавии хоҷагӣ ва мавҷудияти ашёи хоми пашм дар хоҷагӣ ба рушди чунин ҳунарҳои хонагии занона, ба монанди қолинбофӣ мусоидат намуд. Сифати алафи чарондаи чорво низ барои пашми хушсифат гирифтан аҳамияти калон дошт. Одатан, дар Болооби Зарафшон буз ва гӯсфандон дар фасли баҳор ва тирамоҳ, моҳе як маротиба тарошида мешаванд.1 Аз замонҳои қадим устоҳо барои истеҳсоли риштаи қолин беҳтарин пашмро интихоб мекарданд ва барои ресмон онҳо нахҳои дарозтарин ва тунуктаринро истифода мебурданд, ки ҳангоми бофтани қолин он ҷафстару нафистар меояд, арзиши асосии қолинро дар ин асос муайян мекунад.. Аз нахи омода гардида бо
1 Рахимов М. Ук.соч.-С. 56.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё