70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Аммо дар ноҳияҳои чанубию марказии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаи аграрӣ душвориҳои ҳам ҳарбӣ – сиёсӣ ва ҳам иҷтимоӣ – иқтисодӣ вуҷуд доштанд. Қабл аз ҳама, ҷангӣ дурударозӣ шаҳрвандӣ имконият намедод, ки ҳукумати Бухоро дар ин ҷо аввалин дигаргуниҳои инқилобиро пиёда намояд. Бо якчанд сабаҳои субъективию объективӣ ва қабл аз ҳама аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва мутташакилӣ пухта нарасидани меҳнаткашони деҳот яке аз чорабиниҳои муҳими иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва ҳатто сиёсӣ, яъне ислоҳоти обу замин дар ин мавзеъҳо дар нимаи дуюми солҳои 20- уми садаи гузашта гузаронида нашуд. Ба сиёсати маҳкумкунии бойҳо, барҳам додани заминҳои вақфӣ нигоҳ накарда, заминдорони нисбатан калон ҳоло вуҷуд доштанд, ки қисми муайяни деҳқонони безаминро истисмор мекарданд.
Муаллифи асар дуруст андеша рондааст, ки дигаргуниҳои аграрӣ дар ин қисми Тоҷикистон бештар бо роҳи сиёсати ба амал баровардани муҳоҷир кардани деҳқонони камбағал ба заминҳои боир ва бекорхобида ба амал бароварда мешуд. Ин чорабинӣ ба деҳконон имконият медод, ки истифодабарии замин васеъ ва заминҳои иловагӣ афзун гардида, вобастагии деҳқонон аз истисмори бойҳо озод шавад. Масъалаи тезу тунди аграрӣ дар Помир низ дида мешуд. Ба ҷуз сабабҳои ҷуғрофӣ ва нокифоя будани заминҳои киштбоб инчунин дар дасти шумораи ночизи табақаи истисморкунандагон, яъне намояндагони рўҳонӣ ва бойҳо вуҷуд доштани қисми зиёди заминҳои обёришаванда маҳсуб буд. Соли 1922 дар ду волости Помири Ғарбӣ гузаронидани ислоҳоти обу замин ба намояндагони динӣ ва табақаҳои аъёну ашрофи феодалӣ зарбаи ҳалокатовар буд. Дар Помири Шарқӣ бошад ҳатто боқимондаҳои авлодӣ вуҷуд дошт.
Олими нуқтасанҷ Б. А. Антоненко дар асараш ба андешаи мо ба фикру хулосаҳои дурусти илмӣ омадааст, ки дараҷа ва моҳияти дигаргуниҳои аграрӣ дар ноҳияҳои гуногуни тоҷикнишин якхела набуда, ин ҷараён дар навбати худ ба куллӣ дигаргуншавии азнавсозии хоҷагии кишоварзӣ дар асоси принсипҳои сотсиалистӣ сурат гирифтааст. Ҳамин тавр, дар солҳои 1917-1929 дар ҳаёти иҷтимоӣ – иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои то ин дам вуҷуд надошта ба амал омаданд. Баробари ин дигаргуниҳо, озод гардидани гурўҳи васеъи деҳқонон аз зери таъсири бойҳову рўҳониён мунтазам баромада, ба соҳтмони ҳаёти нав ворид мешаванд. Масоили васеъ гардидани намояндагии оммаи меҳнаткаш дар Шўроҳо, бо суръати тез рушт ёфтани ташкилоти оммавии деҳқонон – иттифоқи «Ҷуфтгарон», ба сохтмонҳои кооперативӣ ҷалб кадани деҳқонони деҳот ва дигар масъалаҳо дар асар таҳлилу тадқиқ ёфтааст.
Ҳамин тавр Б. А. Антоненко дар ин асари бунёдӣ таввонистааст бо маводҳои ниҳоят муҳим ҷараёни аграрии солҳои 1917-1929-ро, ки давраи мураккаб ва муҳими таърихи халқи тоҷик мебошад, ба риштаи таҳлилу тадқиқ кашад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё