Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Б. А. Антоненко дар давраи фаъолияти босамари илмӣ – тад-қиқотӣ, инчунин дар байни меҳнаткашони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан ҷавонон мунтазам корҳои илмӣ ва дониши сиёсиро муар-рифӣ карда, дар бедор намудани ҳисси ватанпарварии онҳо нақши муносиб гузоштааст.
Ба муносибати 70-умин солгарди Октябри бузург олими шинохта Б. А. Антоненко соли 1987 ба воситаи нашриёти «Дониш» як асари бунёдие бо номи «Тағироти куллии аграрӣ дар деҳоти токолхозии тоҷик» аз чоп баровард. Ин асари нави таърихӣ ҳаёти деҳоти тоҷики солҳои 20-уми садаи XX, ки сохтори он аз, панҷ боб ва чордаҳ зербобу хулоса иборат аст. Маълум, ки дар он солҳо аз нуқтаи назари илмӣ ҳаллу фасл кардани масъалаи аграрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар байни дигар ҷумҳуриҳои иттифоқ, аз лиҳози иқтисодӣ ақибмонда ва аслан мамлакати аграрӣ буд, ҳалли ин масъалаи дар ҷои аввал меистод. Б. А. Антоненко дар ин асар ба хулоса омадааст, ки дигаргуниҳои аграрӣ дар солҳои 1917-1929 давраи мураккаб ва ниҳоят лозимии ҷараёни ба амал овардани дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаи хоҷагии кишоварзӣ буд. Таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки дар роҳи ба ҳаёт тадбиқ кардани ин вазифаҳо душвориҳои зиёд пеш омаданд, ба фикри олим розӣ шудан мумкин аст, чунки дигаргуниҳои хоҷагии кишоварзӣ дар Тоҷикистони давраи гузариш хусусиятҳои ба худ хос доштанд.
Дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ин хусусиятҳо дар он зоҳир мешуданд, ки дар ин ҷо боқимондаҳои ҷамъияти феодалӣ чуқур реша давондаги буданд, шумораи ками синфи коргар дида мешуд. Ба ғайр аз ин, қисми ақибмондаи деҳқонон побанди бойҳову рўҳониён буда, аз лиҳози маданияти истеҳсолию истеъмолӣ ақибмонда буданд. Муаллиф ҳамаи ин хусусиятҳои махсуси тадбиқи масоили аграриро бо омилҳои маълуми вуҷуддоштаи қисматҳои алоҳидаи Тоҷикистон, дар асоси сарчашмаҳою адабиёти мавҷуда аниқу равшан таҳлилу тадқиқ намудааст. Тадқиқотчӣ Б. А. Антоненко дар асоси қарорҳои ҳизбиву давлатӣ, шароитҳои маҳалҳоро ба эътибор гирифта, дар ҷараёни гузаронидани дигаргуниҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва татбиқи ҷорабиниҳои аграриро дар ҷумҳурӣ ба давраҳо тақсим карда, хусусиятҳои ҳар як кадоми онҳоро аниқу равшан таҳлил кардааст. Баробари ин, ў натанҳо шароитҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки умуман хоси Тоҷикистон маҳсуб буданд, ба назар гирифтааст, инчунин хусусиятҳои махсусе, ки хоси мавзеъҳои алоҳидаи ҷумҳуриро ифода мекарданд, аз ҷумла ноҳияҳои қисми шимолӣ, марказӣ-ҷанубӣ ва Помир, ки дигаргуниҳои аграрӣ дар ҳар кадоми ин қисмҳои мамлакат хусусиятҳои хоси худро доштанд, инъикос намудааст. Дар асари номбурда муаллиф дуруст хулосабарорӣ мекунад, ки ҳалли масъалаи аграрӣ қабл аз ҳама дар ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон, нисбат ба дигар ноҳияҳо шароитҳои лозимӣ вуҷуд дошт, ки ба дигаргуниҳои иҷтимоӣ дар деҳот оварда расониданд.

пешина
аз 162
навбатӣ