70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
А. Давидович дар ташаккул ва рушди илми бостоншиносӣ ва сиккашиносии тоҷик саҳми беандоза дорад. Ӯ солҳои тўлонӣ дар Шуъбаи археология ва нумизматикаи Пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки онро академик Б. А. Литвинский сарварӣ менамуд, кору фаъолият бурда, дар рушду нумуи илми таърих дар ҷумҳурӣ, хусусан илми бостоншиносӣ ва яке аз равияҳои муҳими он сиккашиносӣ (нумизматика) саҳми шоиста гузоштааст [7,32].
Минбаъд ин ду бостоншиносони номӣ - Б. А. Литвинский ва Е. А.
Давидович бо даъвати академик Б. Ғафуров ба Пажўҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои ИҶШС (ш. Маскав) ба кор гузашта, дар ин бузургтарин маркази илми ховаршиносии ҷаҳон ба таҳқиқу омўзиши таърих ва фарҳанги бостонии тоҷикон ва мардуми Осиёи Марказӣ машғул буданд.
Рисолаву тадқикотҳо, мақолаҳои сершумори муҳаққиқи номии таърих ва тамаддуни бостонии халқи тоҷик Е. А. Давидович ғолибан ба илми сиккашиносӣ (нумизматика) бахшида шуда, муаллиф дар пояи бозёфтҳои нумизматикӣ таърихи давраи бостон, асрҳои миёна ва давраи нави халқи тоҷик, ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳанг, тиҷорат ва ғайраро хеле муфассал ва мўшикофона мавриди таҳқиқу омўзиш қарор додааст.
Рисолаи доктории Е. А. Давидович «Маълумотҳои сиккашиносӣ (нумизматикӣ) оид ба таърихи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии Осиёи Миёна дар асрҳои X-XVIII», ки соли 1964 ҳимоя гардида буд, яке аз тадқиқотҳои бунёдӣ дар соҳаи илми сиккишиносӣ ба ҳисоб меравад [2].
Рисола аз 14 боб иборат буда, дар он хусусиятҳои хоси муомилоти пулӣ дар аҳди Сомониён, маълумотҳои нумизматикӣ оид ба инкишофи муносибатҳои феодалӣ дар асрҳои IX-X, хусусиятҳои муомилоти пулӣ дар асрҳои XI-XII, маълумотҳои нумизматикӣ оид ба хронология (солҳои мавҷудият) ва генеологияи (шаҷараи) Қарохониён, хусусиятҳои муомилоти пулӣ дар асрҳои XIII-XV, таснифи (классификатсияи) сиккаҳои нуқрагии асрҳои XVI-XVII, ислоҳоти пулии Убайдуллохон дар соли 1708, муомилоти пулӣ ва ҳунари зарби сиккаҳо дар аҳди Ҷониён, ченакҳои вазн дар Бухорои асрҳои XVII-XVIII ва ғайра мавриди таҳлилу тадқиқи ҳамаҷониба қарор гирифтааст.
Бостоншинос Е. А. Давидович дар байни муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ чун мутахассиси асил ва эътирофшудаи илми нумизматика машҳур гашта, тадқиқотҳои ў дар байни олимони Тоҷикистон, собиқ ИҶШС ва берун аз он баҳои баланд гирифтаанд ва ўро бешубҳа яке аз бунёдгузорони илми нумизматика дар ҷумҳурии мо ҳисобидан мумкин аст.
Яке аз мавзўҳои хеле муҳим ва мураккаб дар илми таърихнигории тоҷик масъалаи ташаккули халқияти ягонаи тоҷик ва ҷавҳари этникии он ба ҳисоб меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё