70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Ба ин масъалаи мушкилу дандоншикан тадқиқоти хеле муҳим ва пурарзиши антрополог Т. П. Кияткина «Ташаккули шакли (типи) антропологии тоҷикон аз рўи маълумотҳои палеантологӣ» [9] бахшида шудааст, ки соли 1965 дар Шўрои диссертатсионии Пажўҳишгоҳи мардумшиносии ба номи Н. Н. Миклухо-Маклайи Академияи илмҳои ИҶШС дар шаҳри Санкт-Петербург ҳимоя гардид.
Рисола дар асоси маводи илми палеантология, ки аз ҷониби дастаи (экпедитсияи) археологии Пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон бозёфт ва ҷамъоварӣ шудаанд, нигошта шуда, бо фарогирии маводи хеле дақиқ ва пурарзиши илмӣ аҳамияти хоса дорад.
Муҳаққиқи шинохта Т. П. Кияткина чун мутахассиси ягона дар соҳаи илми антропология солҳои тўълонӣ дар Шўъбаи археология ва нумизматикаи Пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба сифати мудири Кабинети антропология кору фаъолият бурда, дар тадқиқотҳои худ дар заминаи бозёфтҳои археологӣ, палеантологӣ аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҷараёни ташаккули халқияти тоҷик ва марҳилаҳои асосии он, мансубияти нажодии тоҷиконро мавриди таҳқиқу омўзиши қарор додааст.
Яке аз бонувони бостоншинос, ки дар таҳқиқу омўзиши археологии Тоҷикистон, ҳафриётҳои бостоншиносӣ ва рушди илми археология дар ҷумҳурии мо саҳми арзанда дорад, М. А. Бубнова мебошад.
Тадқиқотҳои ў бештар ба омўзиши таърихи азхудкунии сарватҳои зеризаминӣ, хосатан фулузот, таърихи конҳои қадима ва услубу техникаи кандан, коркард ва истифодаи навъҳои гуногуни фулузот дар асоси кашфиётҳои бостоншиносӣ бахшида шудаанд.
Бостоншинос Е. Д. Салтовская, ки солҳои зиёд дар Шуъбаи таърихи маданияти моддии пажўҳишгоҳи дар боло зикр шуда кору фаъолият бурда, соли 1971 таҳти роҳбарии илмии бостоншиноси номии тоҷик академик Н. Неъматов рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Фарғонаи Шимолу Ғарбӣ дар давраи қадим ва ибтидои асрҳои миёна» [15] ҳимоя намуд.
Муаллиф дар асоси бозёфтҳои бостоншиносӣ ба хулоса меояд, ки водии Фарғона аз замонҳои хеле қадим яке аз марказҳои бузурги тамаддуни мардуми муқимии кишоварзу ҳунарманд ва кўчманчии чорводор буда, дар ин сарзамин ҷараёнҳои ҳаётан муҳими таҳаввулоти этникӣ, забонӣ, фарҳангӣ ба амал омаданд, ки дар ташаккул ва сарнавишти мардуми ин водии зархез ва минтақаҳои атрофи он нақши муҳим бозидааст.
Корманди Шуъбаи археология ва нумизматикаи пажўҳишгоҳ бостоншинос А. Г. Амосова соли 1985 дар шаҳри Ленинград (Санкт-
Петербург) дар мавзўи «Асри санги водии Бешкент»[1] рисолаи номзадии худро ҳимоя намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё