70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Яке аз навовариҳое, ки дар ин марҳала ба миён омад, ворид намудани тавсифи таърихнигории мавзуъ ва масоили баррасишаванда дар таҳқиқотҳо ва китобҳову рисолаҳои илмии номзадию докторӣ оид ба таърихи давраи шўравии халқи тоҷик мебошад.
Таҷлилу баргузории ҷашнҳо ба раванди таҳқиқи таърихи ин давра ба мисли 100-солагии В. И. Ленин, 60-солагии инқилоби Октябр, 50-солагии ташкилёбии ИҶШС, 30-солагии ғалаба дар ҶБВ ба тарзи амиқ мусоидат менамуданд. Доир ба ин ҷашнҳо теъдоди зиёди мақолаву маҷмўаҳои илмӣ ба нашр расиданд. Солҳои 70-ум аввалин таҳқиқотҳои бунёдии таърихнигории замони шўравии Тоҷикистон, ба монанди монографияи Р.М. Масов «Таърихнигории Тоҷикистони Шўравӣ (1978), асарҳои дастаҷамъӣ оид ба таърихи синфи коргар, таърихи фарҳанг ба монанди «Таърихи синфи коргари тоҷик (1917- 1970)» (Ҷилди 1, 1978), «Таърихи сохтмони маданӣ (1917-1977)»
(Ҷилди 1,1979), «Очерки таърихи сохтмони колхозии Тоҷикистон»
(1968) ва маҷмўаи аснод «Аз таърихи сохтмони фарҳангӣ дар Тоҷикистон» ба чоп расиданд.
Дар самти омўзиши таърихи дигаргунсозиҳои деҳот, соҳаи кишоварзӣ ва рушди минбаъадаи хоҷагии кишоварзӣ, низоми обёрӣ таҳқиқоти Б. А. Антоненко, пажуҳишҳои Л. П. Сечкина, Н. П. Пак ва А. Н. Секретов дар омўзиши таърихи замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инъикоси раванди барпошавии Ҳокимияти Шўравӣ дар пажуҳиши Р. Абулҳаев намунае аз дастовардҳои шоёни муаррихони тоҷик дар рушди таърихшиносии миллӣ мебошанд. Дар ҳамин солҳо кормандони шуъба зери назари Б. А. Атоненко аввалин китоби дарсии таърихи халқи тоҷик барои макотиби олии ҷумҳуриро омода намуданд.
Инқилоби маданӣ ва рушди илму фарҳанги ҷумҳурӣ дар замони шўравӣ дар асарҳои таҳқиқотии Е. Н. Павловский, С. У. Умаров, З.
Ш. Раҷабов, М. С. Осимӣ, М. Р. Шукуров, Г. Н. Наврўзов, Ю. Н.
Нуралиев ва муаррихони дигар баррасӣ гардидаанд. Баробари он ба омўзиши мероси ғании мардуми тоҷик, махсусан дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиӣ, осори илмии чунин олимони бузурги тоҷик Абўалӣ Сино, Муҳаммад Хоразмӣ низ таваҷҷуҳи хоса дода мешуд.
Нимаи дуюми солҳои 80-ум ва умуман солҳои охири мавҷудияти низоми шўравӣ вобаста ба дигаргунсозиҳо, ки бештар бо номи «бозсозии горбачевӣ» маълум аст, муносибат ба таърих, ба вижа таърихи тошўравӣ, мероси илмию фарҳангии ниёгон, гузориш ва интихоби мавзўоти таърихӣ низ таҷдиди назар шуданд. Махсусан, дар партави шиорҳои нав, ба монанди ошкорбаёнӣ, демократикунонӣ, бисёрақидагию гуногунандешӣ баъзе аз мавзуҳои то ин вақт мамнуъ ва ё ба ибораи ҳамон давра «доғҳои сиёҳи таърих» бештар таваҷҷуҳи муҳаққиқонро ба худ кашида буданд. Вале баробар ба он таҳқиқотҳои ҷиддии илмии берун аз ҳамагуна сиёсат низ ба майдон меомаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё