70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Падидаи муҳимтарини илми таърихшиносии тоҷик дар ин давра нашри асари бунёдии дуҷилдаи «Тоҷикон»-и академик Б. Ғафуров ба забони тоҷикӣ мебошад, ки дар заминаи тарҷума ва бо такмилу илова ба нашри русии соли 1972 дар давоми солҳои 1983-1985 аз чоп баромад. Ин нахустин асари ҷомеъ доир ба таърихи халқи тоҷик ба забони тоҷикӣ буд. Баъдан дар замони истиқлолият ин асари бунёдӣ чанд маротиба чоп шуд ва ниҳоят бо ибтикороти Пешвои миллат ба ифтихори 30-солагии истиқлолияти давлатӣ бори дигар «Тоҷикон»
чоп ва ба ҳар як оилаи кишвар тўҳфа гардид.
Баробар ба ин соли 1985 китоби дувуми Ҳакимхон «Мунтахаб-аттаворих» бо пешгуфтори А. Мухторов, «Аз таърихи ҳаракатҳои халқӣ дар Осиёи Миёна» (маҷмўи мақолаҳо), «Феҳристи ёдгориҳои катибавии Осиёи Миёна асрҳои XVI-XVII» (дар ду ҷилд), китоби Ш.
Юсупов «Аз таърихи тоинқилобии шаҳри Душанбе» аз чоп баромаданд.
Доир ба таърихи навтарин низ таҳқиқотҳои ҷолиб ба анҷом расонида шуданд, ки дар байни онҳо таълифоти Р. М. Масов «Таърихи илми таърих ва таърихнигории сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон» (1988), Р. Абулҳаев «Рушди обёрикунонӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар Тоҷикистон» (1988) ва «Таҷрибаи таърихии сохтмони обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар Тоҷикистон (1961-1985)»
(1991), китобҳои М. Н. Наимов ва З. З. Богуманова доир ба дўстии халқҳо ва муносибатҳои миллӣ ва амсоли онҳо мавриди таваҷҷуҳ мебошанд.
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ марҳалаи комилан нав дар рушди таърихнигории миллии тоҷик оғоз меёбад. Ҳарчанд пошхўрии ИШ ва ҳаводиси сиёсии дар аввали давраи соҳибистиқлолӣ ба миён омада мушкилиҳои нав, пеш аз ҳама кўчиш ва ё тағйири касб намудани мутахассисон, норасоиҳои иҷтимою иқтисодӣ, комилан хароб шудани пойгоҳи моддию техникӣ ва амсоли онҳоро ба бор оварда бошанд ҳам, илми таърихшиносии тоҷик ҳамчун як мактаби алоҳида тадриҷан ба рушди муназзам соҳиб мегардад. Истиқлол дар назди мактаби таърихшиносии тоҷик ва муаррихони касбӣ вазифаҳои комилан нав, ки муҳимтарини он таҳқиқ ва инъикоси воқеии таърихи миллату кишвар мебошад, гузошт. Илми таърих ба яке аз рукнҳои асосии худшиносӣ ва ҳувияти миллии ҷомеи кишвар, воситаи муҳимми тарбияи насли наврас мубаддал гардид. Пеш аз ҳама шикасти чаҳорчўбаи идеологии низоми шўравӣ, ки ба таҳқиқи на ҳама мавзуҳои таърихӣ, ҳаводису воқеоти гузашта имкон медод, доираи пажуҳиши масъалаҳои таҳқиқталабро ба маротиб вусъат бахшид.
Муаррихони ҷумҳурӣ новобаста аз ҷой доштани мушкилоту норасоиҳо ҳанўз аз ибтидои солҳои 90-ум ба таҳқиқу баррасии таърихи чандинҳазорсола халқи тоҷик камари ҳиммат баста, дар замони соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои хеле назаррас ноил гардиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё